Раисҷумҳури "ояндаи" Русия дар бораи Тоҷикистон чӣ медонад

© AP / Olga TutubalinaГосударственный флаг Таджикистана на флагштоке в Душанбе, архивное фото
Государственный флаг Таджикистана на флагштоке в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вундеркинд-чунин унвон мекунанд, писарбачаи синфи сеюм- Михаил Поповро, ки дар 19-умин Ҷашнвораи ҷавонон ва донишҷӯён дар Сочи ба ҳайси сухангӯй баромад кард

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Дар ҳошияи 19-умин Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён ток-шоу "Ҳамкорӣ дар асри дигаргуншавӣ" баргузор шуд, ки дар ин барнома, Михаил Попов бо суханрониаш калонсолонро дар воқеъ дар ҳайрат гузошт.

Ба синну солаш нигоҳ накарда писарбачаи синфи сеюм озодона дар бораи таърихи Русия ва ҷаҳон андешаронӣ мекарду ширкаткунандагонро бовар мекунонд, ки инсоният айни замон дар давраи ҷанги сард ба сар мебарад.

Шохрух Юнусов - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳрух Юнусов: раисҷумҳури Тоҷикистон роҳамро ба операи ҷаҳонӣ кушод

Бо суханронии худ ва истифодабарии мисолҳои зиндаи таърихӣ писарбача ширкаткунандагонро дар ҳайрат мегузошт.  Ӯ ҳамагонро даъват мекард, ки бо истифода аз хатогиҳои таърихӣ ояндаи давлтау миллати худро оқилона бисозанд.

Михаил бештар дар бораи қаҳрамонии артиши сурх ва бахусус сарбозони рус дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақл мекард. 

Ба саволи рӯзноманигорон, ки Михаил дар оянда кӣ шудан мехоҳад, ин писарбача чунин посух гуфт: "Агар ҳамаааш хуб шавад албатта раисҷумҳур хоҳам шуд, вале агар чизе каҷ рафт дипломат мешавам", — гуфт Михаил.

Ба саволи Sputnik Тоҷикистон, ки Михаил Попов дар бораи Тоҷикистон чӣ медонад, ин писарбача гуфт, ки тоҷикон ва дигар халқияти ИҶШС ҳамроҳ дар ҶБВ ба хотири озод кардани Ватан ҷангида қаҳрамони ҶБВ шуданд.

"Ман медонам, ки парчами Тоҷикистон аз се ранг иборат аст, сурх, сафед ва сабз", — ҷавоб дод писарбача.

© SputnikМихаил Попов
Михаил Попов - Sputnik Тоҷикистон
Михаил Попов

Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён расман рӯзи 14 октябр дар шаҳри Сочи ифтитоҳ шуда то 24 ҳамин моҳ идома кард. Беш аз 20 ҳазор ҷавонон аз тамоми манотиқи ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон барои ширкат дар барномаҳо, мастер классҳо, баҳсҳо ва намоишҳои фарҳангӣ ба Русия омада буданд.

Лентаи хабарҳо
0