ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Фарҳангиёни тоҷик барои даргузашти "Модари театри тоҷик"-Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова изҳори таслият кардааст.
Номаи таслият дар равобити умумии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нашр шудааст, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад.
"Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар нисбати даргузашти Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова сахт андуҳгин буда, ба аҳли хонавода, пайвандони марҳум ва мухлисони ҳунари ин шахсияти варзида изҳори ҳамдардӣ менамояд",-омадааст дар нома.
Манбаъ афзуда, ки Мушаррафа Қосимова, ки бо унвони «Модари театри тоҷик» маъруф аст, дар рушди санъати театрӣ ва синамои тоҷик нақши бориз гузоштааст.
Дар нома ҳамчунин гуфта шудааст, ки даргузашти ин бонуи ҳунар барои аҳли фарҳанг ва театр талафоти бузург буда, ёди ин шахсияти нотакрор ҳамеша дар дили аҳли фарҳанг ва мухлисони театр боқӣ хоҳад монд. Мушаррафа Қосимова то лаҳзаҳои охир маслиҳатгар ва дуогӯи шогирдон буданд.
"Китоби «Модари саҳнаи тоҷик – Мушаррафа Қосимова», ки ба муносибати садумин солгарди зодрӯзи ин шахсияти бузург ва нотакрор оид ба зиндагиномаи ӯ интишор ёфта буд, алҳол китоби рӯимизии ҳунарпешагон гардидааст",-гуфта мешавад дар номаи таслият.
Ёдовар мешавем, ки Мушаррафа Қосимова рӯзи 1 апрел дар синни мубораки 101-солагӣ аз олам даргузашт.
Мушаррафа Қосимова дар даҳаи 1930 дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Тошканд таҳсил карда ва баъди “душмани халқ” эълон шудани падараш, маҷбур барои таъмини зиндагии хонаводааш барои кор ба театр дохил шуд.
Мушаррафа Қосимова соли 1946 бо ҳунарманди маъруфи Муҳаммадҷон Қосимов издивоҷ кард. Дар тӯли фаъолияти ҳунариаш Мушаррафа Қосимова дар театр ва синамо садҳо нақш иҷро кардааст.
Вай Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон мебошад ва дар намоишномаҳои “Ҳаёт ва ишқ”-и Файзулло Ансорӣ, “Гавҳари шабчароғ”-и Сотим Улуғзода, “Дохундаи”-и Садриддин Айнӣ ва дар филмҳои “Нисо”, “Вохӯрӣ дар дара” ва “Дарду алами Афғонистон” нақшҳо иҷро кардааст. Ҳамчунин дар намоишномаи “Исёни арӯсон” ва “Ҷон модаракон” нақши модарро иҷро кардааст.