ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Шаби гузашта Мушаррафа Қосимова, ҳунарпешаи маъруфи тоҷик дар манзили худ дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Маросими расмии видоъ бо Мушаррафа Қосимова соати 12.00 дар манзилаш (бо суроғаи Бухоро 2) ва намози ҷаноза дар масҷиди Қаламишкор баргузор мешавад.
Ҷасади Мушаррафа Қосимова тибқи васияти ӯ дар қабристони Сари Осиёи пойтахт дар паҳлуи қабри шавҳараш дафн хоҳад шуд.
Мушаррафа Қосимова рӯзи 19 декабри соли гузашта ба синни мубораки 101-солагӣ расида.
Мушаррафа Қосимова дар даҳаи 1930 дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Тошканд таҳсил карда ва баъди “душмани халқ” эълон шудани падараш, Мушаррафа Қосимова маҷбур шуд барои таъмини зиндагии хонаводааш барои кор ба театр дохил шавад.
Мушаррафа Қосимова дар соли 1946 бо ҳунарманди маъруфи Муҳаммадҷон Қосимов издивоҷ кард. Дар тӯли фаъолияти ҳунариаш Мушаррафа Қосимова дар театр ва синамо садҳо нақш иҷро кардааст.
Вай Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон мебошад ва дар намоишномаҳои “Ҳаёт ва ишқ”-и Файзулло Ансорӣ, “Гавҳари шабчароғ”-и Сотим Улуғзода, “Дохундаи”-и Садриддин Айнӣ ва дар филмҳои “Нисо”, “Вохӯрӣ дар дара” ва “Дарду алами Афғонистон” нақшҳо иҷро кардааст. Ҳамчунин дар намоишномаи “Исёни арӯсон” ва “Ҷон модаракон” нақши модарро иҷро кардааст.