Заминсози Корхонаи давлатии фаръии ноҳияи Ҳисор бо ҷурми қаллобӣ дастгир шуд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗадержание, наручники
Задержание, наручники - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
  Заминсоз барои ҳуҷҷатгузорӣ кардани манзили истиқоматӣ дар ҳудуди шаҳри Ҳисор дар  умум 35410 сомонӣ маблағ гирифта, боз оварда додани 3800 сомонии дигарро талаб намудааст

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Заминсози Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ҳисор бо ҷурми қаллобӣ дастгир шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

Военный билет. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қаллобӣ: билети ҳарбии афсарӣ ба ивази 1000 доллар дар Душанбе
Манбаъ афзудааст, ки санаи 01 феврали соли 2019 шаҳрванд “А” ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд, ки мутахассис - заминсози Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ҳисор Қудратов Ҷовид Абдузоитович барои аз номи падараш шаҳрванд “Б” ба номи модараш шаҳрванд “В” ҳуҷҷатгузорӣ кардани манзили истиқоматиашон дар давраи аз 04 октябри соли 2018 то 29 декабри соли 2018 дар ҳудуди шаҳри Ҳисор дар якчанд ҳолат маблағи умумии 35410 сомонӣ талаб карда гирифта, боз оварда додани маблағи 3800 сомонии дигарро талаб намуда истодааст.

 Вобаста ба ин ҳолат худи ҳамон рӯз нисбати Қудратов Ҷ.А. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 3800 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.

Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Қудратов Ҷ.А. идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0