ДУШАНБЕ, 3 апр - Sputnik. Соли гузашта дар Тоҷикистон ба издивоҷи 2,5 ҳазор тан духтари ноболиғ иҷоза доданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Гуфта мешавад, ҳафтаи гузашта дафтари Омбудсмен бар асоси омори Додгоҳи олии Тоҷикистон ин додаҳоро мунташир кард.
Қонуни Тоҷикистон аз синни 18 иҷозаи издивоҷро медиҳад. Вале, дар вазъияти истисноӣ, масалан, дар сурати обистан шудани духтар, ё бемории сангини падару модар дар синни 17 низ ба издивоҷ иҷоза медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон дар соли 2018 шумораи оилаҳои пошхӯрда афзуда, бештар аз 11 ҳазор оила вайрон шудааст.
Ин нишондод дар соли 2017 10 ҳазору 100 хонаводаро ташкил медод. Дар ҳамин ҳол сабабҳои асосии талоқ шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, муҳоҷират ва мудохилаи хешовандон ба ҳаёти оилавии ҷавонон будааст.
Бояд қайд кард, ки дар кишвар шумораи никоҳ низ афзудааст. Соли гузашта 82 ҳазору 556 ҷуфт ба САҲШ муроҷиат кардаанд. Дар ҳамин ҳол, соли 2017 78 ҳазору 757 ҷуфт оила барпо кардаанд.
Ёдрас мешавем, пештар Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар дода буд, ки шумораи никоҳи шаҳрвандон бо хориҷиён кам шудааст.
Бино бар иттилои манбаъ, дар соли 2018 ҳамагӣ 220 чунин ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Бино бар иттилои вазорат, ба ин тағйирот ба Кодекси оилаи Тоҷикистон, ки дар соли 2011 ворид шуд, мусоидат кардааст.