Хешовандон ба ҳаёти ҷавонон мудохила мекарданд: афзоиши талоқ дар Тоҷикистон

© © Sputnik / Амир ИсаевСвадьба, архивное фото
Свадьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сабабаи асосии талоқ - шароити иҷтимоиву иқтисодӣ, муҳоҷират ва мудохилаи хешовандон ба ҳаёти оилавии ҷавонон будааст

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар соли 2018 шумораи оилаҳои пошхӯрда афзуда, бештар аз 11 ҳазор оила вайрон шудааст. Дар ин бора раиси Кумитаи кор бо занон Идигул Қосимзода хабар додааст.

Вай ёдрас шудааст, ки ин нишондод дар соли 2017 10 ҳазору 100 хонаводаро ташкил медод. Дар ҳамин ҳол сабабҳои асосии талоқ шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, муҳоҷират ва мудохилаи хешовандон ба ҳаёти оилавии ҷавонон будааст.

Ба гуфтаи Қосимзода, кормандони кумита ҳаматарафа кӯшиш мекунанд, ки вазъиятро беҳтар кунад: бо оилаҳо мулоқот карда, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад ва бо донишҷӯён вохӯрда дар бораи арзишҳои хонаводаҳои тоҷик мегӯяд.

Бояд қайд кард, ки дар кишвар шумораи никоҳ низ афзудааст. Соли гузашта 82 ҳазору 556 ҷуфт ба САҲШ муроҷиат кардаанд. Дар ҳамин ҳол, соли 2017 78 ҳазору 757 ҷуфт оила барпо кардаанд.

Ёдрас мешавем, пештар Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар дода буд, ки шумораи никоҳи шаҳрвандон бо хориҷиён кам шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар соли 2018 ҳамагӣ 220 чунин ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Бино бар иттилои вазорат, ба ин тағйирот ба Кодекси оилаи Тоҷикистон, ки дар соли 2011 ворид шуд, мусоидат кардааст.

Лентаи хабарҳо
0