Марафони дав дар Душанбе: ғолибонро 31 ҳазор сомонӣ интизор аст

© SputnikНациональный день бега в Душанбе
Национальный день бега в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар марафон дав ғолибонро аз 31 ҳазору 150 сомонӣ то 13 ҳазору 350 сомонӣ туҳфа интизор аст

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Рӯзи 20 апрел дар Душанбе даҳумин марафони байналмилалӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахти Тоҷикистон баргузор  мешавад, иттилоъ додааст ТоҷикТА.

Девушки во время тренировки в Парке искусств Музеон в Москве. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи миллии дав дар Тоҷикистон бо ширкати беш аз 420 ҳазор даванда гузашт

Манбаъ афзудааст, ки бо тасмими Рустам Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт барои ҳар кадом аз барандагони паллаҳои аввал миёни мардон ва занон ҷоизаҳои нақдии 31 ҳазору 150 сомонӣ, барои паллаҳои дувум 26 ҳазору 700 сомонӣ, барои паллаҳои савум 22 ҳазору 250 сомонӣ, барои паллаҳои чаҳорум 17 ҳазору 800 сомонӣ, барои паллаҳои панҷум 16 ҳазору 20 сомонӣ ва барои паллаҳои шашум 13 ҳазору 350 сомонӣ туҳфа пешниҳод кардааст.

Барои ширкат дар ин марафон варзишкорони 27 кишвари ҷаҳон, ҳамзамон давандагони тоҷик даъват шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин марафони байналмилалӣ ба фосилаи 22 километр бо ширкати варзишкорони 14 бародаршаҳру шарикшаҳрҳои Душанбе ва кишвар моҳи апрели соли 2010 баргузор шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0