Обуҳавошиносон: дар ҷумҳури ҳавои гарму бебориш дар назар аст

© Sputnik / Владислав Ушаков / Гузариш ба медиабонкОзеро Иссык-Куль, архивное фото
Озеро Иссык-Куль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрноки бебориш дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik.   Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. 

Зима в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обу ҳаво пас аз барфу боронҳо: дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар аст

Ҳаво дар шарқи вилояти ВМКБ  шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм   ва  рӯзона 11-16  дараҷа гарм  мешавад. Дар ғарби вилоят  ҳаво   шабона   7-12  ва  дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 дараҷа сард мешавад. Рӯзона  ҳаво 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои абрнок дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо шабона 8-13  ва  рӯзона 19-24 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 ва  рӯзона  9-14  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрноки  бебориш шуда, дар водиҳо шабона 10-15  ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  7-12  ва   рӯзона 18-23 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ   ҳавои абрноки бебориш дар назар аст.    Ҳаво  дар водиҳо шабона 7-12  ва рўзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 3-8  дараҷа гарм шуда, рӯзона ҳарорат ба  13-18  дараҷа  мерасад.

Лентаи хабарҳо
0