Обу ҳаво пас аз барфу боронҳо: дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар аст

© Sputnik / / Амир ИсаевЗима в Душанбе
Зима в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik.Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳаво аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 20-25, инчунин то 28-30 ва рӯзона 6-11 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳаво аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард, рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона 6-11 дараҷа сард шуда, рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа сард ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0