Ҷоизагирии Завқибеков ва Олимов аз дасти Оқохони IV ва президенти Португалия - акс

© акс аз сомонаи AKDNСоҳибони Ҷоизаи мусиқии Оқохон дар шаҳри Лисабон
Соҳибони Ҷоизаи мусиқии Оқохон дар шаҳри Лисабон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷоизаи Оқохон дар риштаи мусиқиро 10 баранда дар 6 бахш, аз ҷумла Осорхонаи Гурминҷ Завқибеков дар шаҳри Душанбе ва Фарҳод Ҳалимов, овозхону навозандаи тоҷик аз Самарқанд соҳиб шуданд

ДУШАНБЕ, 1 апр - Sputnik. Тибқи иттилои Шабакаи рушди Оқохон, ҷоизаҳоро дар шаҳри Лисабон Оқохони IV , Марселу Ребелу Ди Соуза, раисиҷумҳури Португалия ва шоҳзода Амин Оқохон ба барандаҳо супориданд.  Мукофотпулии ҷоиза 500 ҳазор доллари амрикоӣ ташкил медиҳад, ки миёни барандаҳо тақсим мегардад.

Ҷоизаи мусиқии Оқохон дар бахши нигоҳдорӣ, эҳё ва оммависозиро, ки Осорхонаи ба номи Гурминҷ Завқибеков соҳиб шуд,  ба Иқбол Завқибеков, навозандаи тоҷик ва писари марҳум Гурминҷ Завқибеков, таъсисдиҳандаи ин осорхона супориданд.

© Акс аз саҳифаи "Gurminj Museum of Music Instruments"Ҷоизасупорӣ ба Иқбол Завқибеков дар ҳузури Оқохони 4 ва президенти Португалия
Ҷоизагирии Завқибеков ва Олимов аз дасти Оқохони IV ва президенти Португалия - акс - Sputnik Тоҷикистон
Ҷоизасупорӣ ба Иқбол Завқибеков дар ҳузури Оқохони 4 ва президенти Португалия

Инчунин Фарҳод Ҳалимов, овозхон ва ғижжаку танбурнавози тоҷики зодаи Самарқанд, ки мақомсароӣ мекунад, Ҷоизаи мусиқии Оқохон дар бахши нигоҳдорӣ, эҳё ва оммависозиро соҳиб шуд.

Фарҳод Ҳалимов, овозхон ва навозандаи мусиқии тоҷику узбак аз шаҳри Самарқанд - Sputnik Тоҷикистон
Ҷоизаи Оқохон ба овозхони нобинои тоҷик аз Узбакистон ва осорхонаи Гурминҷ Завқибеков-акс

Президенти Португалия дар хитоб ба ҷоизадорон гуфт, мо ва шумо имрӯз дар бораи сулҳ дар ҷаҳон, гуногунӣ, муколама ва муборизаи муштарак бо таҳаммулнопазирию таассуб меандешем ва мусиқӣ шеваи хубест, барои  анҷоми ин корҳо.

Оқохони IV дар маросими ҷоизасупорӣ аз таҳаввулоте, ки неруҳои технологӣ ба ҷаҳони мо ворид мекунанд, зикр намуда, афзуд, дар ҷаҳони муосир афроде, ки дар канори дигари сайёра иқомат доранд, ба андозаи ҳамсояамон дар як хиёбон ба мо наздиканд.  Оқохони IV дар ҷаҳони муосир зарур донист, ки барои сулҳу пешрафт аҳдофи плюралистӣ ва ахлоқи ҷаҳоншумул таблиғ гарданд. Ӯ ҳадафи ҷоизаи таъсисдодаашро як навъ саҳмгузорӣ дар амалишавии ин аҳдоф хонд.

Ҷоизаи Оқохонро намояндаҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон соҳиб шуданд.

Председатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тавсифи Шодихон Ҷамшед аз беморхонаи 24 миллион долларии Оқохон дар Хоруғ

Аз ҷумла дар бахшҳои санъати оҳангсозӣ ба Фарангиз Ализода, оҳангсозу пианист аз Озарбойҷон,  дар бахши фаъолияти маърифатӣ ба ансамбли “Омнибус”, гуруҳи мусиқичиҳо аз Тошканд,  дар бахши мушорикати иҷтимоӣ ба оҳангсозу овозхон Бадиа Боруизӣ аз Тунис ҷоиза дода шуд. Ҷоиза дар бахши саҳмгузории бисёрсола дар рушди санъати мусиқиро Уму Сангаре, овозхону оҳангсоз аз Малӣ, Баллаке Сиссоко, оҳангсоз аз Малӣ ва Дориюш Талай, мусиқишинос ва навозандаи тору сетор аз Эрон ба даст овардаанд. Ҷоиза дар бахши иҷроишро Мустафо Саид, овозхон аз Миср соҳиб шуд.

Қаблан Оқохони IV ба суоли маҷаллаи маъруфи “La Cohorte” дар мавриди таъсиси ҷоиза дар умури мусиқӣ гуфт, ба ҳамин восита мехоҳад, дар бораи санъати мусиқии кишварҳои рӯй ба рушд мардуми бештаре дар ҷаҳон огоҳӣ пайдо кунанд.

Лентаи хабарҳо
0