Ҷоизаи Оқохон ба овозхони нобинои тоҷик аз Узбакистон ва осорхонаи Гурминҷ Завқибеков-акс

© акс аз сомонаи AKDNФарҳод Ҳалимов, овозхон ва навозандаи мусиқии тоҷику узбак аз шаҳри Самарқанд
Фарҳод Ҳалимов, овозхон ва навозандаи мусиқии тоҷику узбак аз шаҳри Самарқанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фарҳод Ҳалимов, овозхону навозандаи тоҷик аз Самарқанд ва Осорхонаи ба номи Гурминҷ Завқибеков барандаи ҷоизаи навтаъсиси Оқохон дар умури мусиқӣ шудаанд

ДУШАНБЕ, 27 мар - Sputnik. Тибқи иттилои Шабакаи рушди Оқохон, маросими супоридани ҷоизаи навтаъсиси Оқохон дар умури мусиқӣ аз 29 то 31-уми март дар шаҳри Лиссабони Португалия баргузор мешавад.

Ифтихорномаи вазири Фарҳанг ба Шашмақомсароёни кишвар  - Sputnik Тоҷикистон
Шашмақомсароёни кишвар аз сӯи вазири фарҳанг қадрдонӣ шуданд

Манбаъ ҳадафи Оқохони IV аз таъсиси ҷоизаро қадрдонии шахсиятҳое хонд, ки барои ҳифз ва густариши санъати мусиқии аҷдодӣ дар кишварҳои мусалмоннишин фаъолият мекунанд.

Ҷоизаи мазкур дар бахшҳои гуногун пешниҳод шуда, соли равон 9 барандаи он аллакай муайян гардидаанд. Ба иттилои Бунёди Оқохон, миёни барандаҳои ҷоизаи Оқохон дар умури мусиқӣ 500 ҳазор доллар мукофотпулӣ тақсим хоҳад шуд.

 

© акс аз сомонаи AKDNБарандаҳои ҷоизаи мусиқии Оқохон
Ҷоизаи Оқохон ба овозхони нобинои тоҷик аз Узбакистон ва осорхонаи Гурминҷ Завқибеков-акс - Sputnik Тоҷикистон
Барандаҳои ҷоизаи мусиқии Оқохон

Ҷоизаи мусиқии Оқохон дар бахши нигоҳдорӣ, эҳё ва оммависозиро Фарҳод Ҳалимов, овозхон, оҳангсоз, навозанда аз Самарқанд ва Осорхонаи созҳои мусиқии ба номи Гурминҷ Завқибеков дар Душанбе соҳиб шудаанд. Фарҳод Ҳалимов, овозхон ва ғижжаку танбурнавози тоҷики зодаи Самарқанд мебошад, ки тибқи анъанаҳои Самарқанду Бухоро мақомсароӣ мекунад. Осорхонаи таъсисдодаи ҳунарманди марҳум Гурминҷ Завқибеков созҳои гуногуни мардуми Осиёи Марказиро дар бар гирифта, дар муаррифисозии фарҳанги тоҷикон нақши бузург дорад.

Национальный ансамбль Шашмаком, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Иштироки Тоҷикистон дар форуми санъати мақом дар Шаҳрисабз

Инчунин дар бахшҳои санъати оҳангсозӣ ба Фарангиз Ализода, оҳангсозу пианист аз Озарбойҷон,  дар бахши фаъолияти маърифатӣ ба ансамбли “Омнибус”, гуруҳи мусиқичиҳо аз Тошканд,  дар бахши мушорикати иҷтимоӣ ба оҳангсозу овозхон Бадиа Боруизӣ аз Тунис ҷоиза дода мешавад.

Ҷоиза дар бахши саҳмгузории бисёрсола дар рушди санъати мусиқиро Уму Сангаре, овозхону оҳангсоз аз Малӣ, Баллаке Сиссоко, оҳангсоз аз Малӣ ва Дориюш Талай, мусиқишинос ва навозандаи тору сетор аз Эрон ба даст овардаанд.

Ҷоизаи махсус ба Муҳаммад Ризо Шаҷарион барои саҳмгузорияш дар ҳифзи мусиқии аҷдодии халқҳои ҷаҳон ва барои фаъолияташ ҳамчун устоду иҷрокунанда дар тавсеаи аҳамияти иҷтимоии мусиқӣ дар Эрон ва берун аз он супорида хоҳад шуд.

Финалистҳо дар бахши маҳорати иҷроиш – Аҳмад ал-Хатиб аз Фаластин, Шаҳу Андалибӣ – Эрон, Наӣ Барготӣ -  Фаластин, Ҳуда Асфур – Фаластин, Сугата Рой Чодҳурӣ – Ҳинд, Бурак Кайнарка – Туркия, Асин Хон Ланга – Ҳинд, Эҷоз Шер Алӣ Хон – Покистон, Ораш Муҳофиз – Эрон, Муҳаммад Осмон – Сурия, Мустафо Саид – Миср ва Насим Сиобишаҳривар аз Эрон мебошанд.

Ансамбль Академии макома Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Мақомсароёни тоҷик дар Узбакистон шоҳҷоиза ва 15 ҳазор доллар гирифтанд

Ахиран Оқохони IV ба суоли маҷаллаи маъруфи “La Cohorte” дар мавриди таъсиси ҷоиза дар умури мусиқӣ гуфт, ба ҳамин восита мехоҳад, дар бораи санъати мусиқии кишварҳои рӯй ба рушд мардуми бештаре дар ҷаҳон огоҳӣ пайдо кунанд.

“Ман ба мусиқӣ таваҷҷуҳ дорам, зеро мо мехоҳем, ки аз фарҳанги кишварҳои рӯй ба рушд мардуми бештаре дар ҷаҳон огоҳ шавад”, - баён доштааст Оқохони IV ва изҳори боварӣ кардаст, ки огоҳию арҷгузории ин мусиқӣ дар Ғарб барои суботи санъаткорон мусоидат мекунад.

Дар баробари ин Оқохони IV таъкид кардааст, ки баъзан дар мусиқӣ пайвандҳои ҳайратоваре ошкор мешаванд, махсусан дар мусиқии марбут ба руҳоният ва ба ҳайси мисол санъати мусиқии Осиёи Марказиро мисол овардааст.

Лентаи хабарҳо
0