Паҳлавони тоҷик Қурбонмамадов аз номи ИМА ба майдон мебарояд

© Facebook / Му ВиродДзюдоист Хушбахт Курбонмамадов
Дзюдоист Хушбахт Курбонмамадов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷудочии тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов аз ин ва баъд дар ҳайати дастаи Амрико баромад мекунад.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Варзишкори тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов, ки солҳои охир дар Амрико ба сар мебарад, аз ин ва баъд аз номи ИМА баромад хоҳад кард.

Ҳамин тавр Тоҷикистон боз як паҳлавонро аз даст дод.

Дар авоили моҳи март Қурбонмамадов дар сабқати ҷудо, ки дар Ню-Ҷеорсӣ баргузор шуд, дар вазни 66 кило соҳиби медали тилло гардид. Ин пирӯзии аввалини ӯ дар Амрико нест. Пештар ӯ дар мусобиқаҳои гуногун пирӯзӣ ба даст овардааст.

Хушбахт Курбонмахмадов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хушбахт Қурбонмаҳмадов: орзу дорам қаҳрамони олимпии 2020 шавам

Айни замон варзишкор дар Амрико кор ва зиндагӣ дораду дар ҳамаи сабқатҳо баромад мекунад. Пас аз пирӯзӣ дар Ню-Ҷерсӣ варзишкор масъалаи ҳуҷҷатҳояшро дар Амрико ҳал кард ва қарор дод, ки аз ин ва баъд аз номи ИМА ҳунарнамоӣ кунад.

Меҳмони нави Хушбахт Қурбонмамадов ва сафари варзишкор ба Помир

 

Хушбахт Қурбонмаҳмадов аз 12-солагӣ варзиши ҷудо ё дзюдоро тамрин мекунад. Нахустин мусобиқае, ки дар он пирӯз шуда, қаҳрамонии шаҳри Хоруғ будааст. Ӯ  дар ин мусобиқа дар вазни 32 килуграм мақоми аввалро ба даст овардааст.

Пас аз нахустин пирӯзӣ Хушбахт тасмим гирифта тамринро дар ин ришта аз варзишҳои размӣ идома диҳад ва дар қаҳрамонии ҷумҳурӣ низ зӯрозмоӣ кунад. Дар ин мусобиқот ҳам Хушбахт дар вазни 40 килуграм мақоми аввалро аз худ кардааст. Аз он рӯз буд, ки зиндагиашро бо варзишу ҷудо пайвастааст.

Бисту панҷумин медали тиллои Хушбахт Қурбонмамадов дар Амрико

Хушбахт Курбонмамадов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ду медали тиллои ҷавонпаҳлавон Хушбахт Қурбонмамадов дар Амрико

Пас аз пирӯзӣ дар қаҳрамонии навҷавонони кишвар, Хушбахт барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Минск — пойтахти Белорус "роҳхат" дарёфт кард. Дар ин мусобиқот варзишкори тоҷик мақоми севумро ба даст оварда буд.

Пас аз чанде Хушбахт ба Амрико сафар кард ва дар ин кишвар муваффақ шуд.

Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Хушбахт гуфт, ки дар Тоҷикистон варзишкорони хуб бисёранд, вале набуди сармоягузорӣ онҳоро ақиб мекашад.

"Агар варзишкор аз сармоя дошта бошад, метавонад дар ҳама сабқатҳо ширкат кунад, тамринашро тарк накунад ва ҳунару нерӯяшро аз даст надиҳад. Танҳо бо ин роҳ варзишкор метавонад муваффақ бошад ва дар мусобиқаҳои кишварӣ ва ҷаҳонӣ қаҳрамон шавад".

Дар ҳоли ҳозир варзишкори тоҷик ба Бозиҳои олимпии соли 2020 омодагӣ мебинад.

Лентаи хабарҳо
0