Намоз, кӯдакон ва идгардак: таҷлили иди Қурбон дар Тоҷикистон (АКС)

Обуна шудан
Субҳи имрӯз тамоми масҷидҳои шаҳри Душанбе, хусусан масҷиди марказии пойтахт пур аз намозгузорон буд: мардум ба адои намози ид мешитофтанд

Баъди намози ид одамоне, ки тавони қурбонӣ доранд, қурбонӣ мекарданд. Занон дастархони идона ороста, меҳмон пешвоз мегирифтанд. Кӯдакон бошанд ба манзилҳои ҳамсоягону наздикон ба идгардак мерафтанд.

Пештар Кумитаи умури дин ва танзими анъанаи Тоҷикистон аҳолиро ҳушдор дод, ки имсол дар иди Қурбон барои роҳ додан ба исрофкорӣ сокинон ҷарима мешаванд.

Ҳаҷми ҷарима барои ашхоси воқеӣ 5 ҳазор сомонӣ муайян шудааст.

Намояндагони кумита ба сокинони кишвар тавсия додаанд, ки дастархони одӣ густурда,  онро бо меваҷоти ватанӣ ва кулчақандҳои кадбонуҳои тоҷик оро диҳанд.

Афзун бар ин, имсол дар дар кишвар барои пешгирӣ аз боло рафтани нархи маҳсулот рейд ташкил хоҳад шуд.

Дар ҳолати худсарона ва беасос боло бурдани нарх аз ҷониби фурӯшандагон ё исрофкорӣ аз ҷониби сокинон дар иди Қурбон  далелҳо ба қайд гирифта шуда, ба додгоҳ шикоят фиристода мешавад.

Дар натиҷа, додгоҳ ҳаҷми ҷаримаро муайян хоҳад кард.

© Sputnik / Амир ИсаевТоҷикистониён барои адои намози ид ба масҷид меоянд
Тоҷикистониён барои адои намози ид ба масҷид меоянд - Sputnik Тоҷикистон
1/13
Тоҷикистониён барои адои намози ид ба масҷид меоянд
© © Sputnik / Амир ИсаевИди Қурбон яке аз ду идҳои асосии мусалмонон аст, ки дар рӯзи даҳуми моҳи Зулҳиҷҷа таҷлил мешавад
Иди Қурбон яке аз ду идҳои асосии мусалмонон аст, ки дар рӯзи даҳуми моҳи Зулҳиҷҷа таҷлил мешавад - Sputnik Тоҷикистон
2/13
Иди Қурбон яке аз ду идҳои асосии мусалмонон аст, ки дар рӯзи даҳуми моҳи Зулҳиҷҷа таҷлил мешавад
© © Sputnik / Амир ИсаевДар масҷиди марказии Душанбе ҳазорҳо сокинон ҷамъ омаданд
Дар масҷиди марказии Душанбе ҳазорҳо сокинон ҷамъ омаданд - Sputnik Тоҷикистон
3/13
Дар масҷиди марказии Душанбе ҳазорҳо сокинон ҷамъ омаданд
© © Sputnik / Амир ИсаевДар намози ид мусалмонон аз Худованд дархости мағфирати гуноҳҳояшонро мекунанд
Дар намози ид мусалмонон аз Худованд дархости мағфирати гуноҳҳояшонро мекунанд - Sputnik Тоҷикистон
4/13
Дар намози ид мусалмонон аз Худованд дархости мағфирати гуноҳҳояшонро мекунанд
© © Sputnik / Амир ИсаевМасҷидҳои кишвар назар ба дигар рӯзҳо пур аз сокинон аст
Масҷидҳои кишвар назар ба дигар рӯзҳо пур аз сокинон аст - Sputnik Тоҷикистон
5/13
Масҷидҳои кишвар назар ба дигар рӯзҳо пур аз сокинон аст
© © Sputnik / Амир ИсаевНамози ид субҳи барвақт оғоз мешавад
Намози ид субҳи барвақт оғоз мешавад - Sputnik Тоҷикистон
6/13
Намози ид субҳи барвақт оғоз мешавад
© © Sputnik / Амир ИсаевИмсол Кумитаи дин эълом кард, ки исрофкорӣ дар иди Қурбон мамнӯъ буда, рейд ташкил мешавад
Имсол Кумитаи дин эълом кард, ки исрофкорӣ дар иди Қурбон мамнӯъ буда, рейд ташкил мешавад - Sputnik Тоҷикистон
7/13
Имсол Кумитаи дин эълом кард, ки исрофкорӣ дар иди Қурбон мамнӯъ буда, рейд ташкил мешавад
© © Sputnik / Амир ИсаевҲамчунин алайҳи савдогарони гаронфурӯш низ рейдҳо ташкил шуданд
Ҳамчунин алайҳи савдогарони гаронфурӯш низ рейдҳо ташкил шуданд - Sputnik Тоҷикистон
8/13
Ҳамчунин алайҳи савдогарони гаронфурӯш низ рейдҳо ташкил шуданд
© © Sputnik / Амир ИсаевБа кадбонуҳо тавсия дода шудааст, ки дастархонҳоро бо меваҷоти ватанӣ ороста, кулчақандҳоро худашон пазанд
Ба кадбонуҳо тавсия дода шудааст, ки дастархонҳоро бо меваҷоти ватанӣ ороста, кулчақандҳоро худашон пазанд - Sputnik Тоҷикистон
9/13
Ба кадбонуҳо тавсия дода шудааст, ки дастархонҳоро бо меваҷоти ватанӣ ороста, кулчақандҳоро худашон пазанд
© © Sputnik / Амир ИсаевКӯдакон ба манзилҳои наздикону ҳамсояҳо рафта, бо ид табрик мекунанд ва ҳадяҳо мегиранд
Кӯдакон ба манзилҳои наздикону ҳамсояҳо рафта, бо ид табрик мекунанд ва ҳадяҳо мегиранд - Sputnik Тоҷикистон
10/13
Кӯдакон ба манзилҳои наздикону ҳамсояҳо рафта, бо ид табрик мекунанд ва ҳадяҳо мегиранд
© © Sputnik / Амир ИсаевОдатан онҳо "Иди нав муборак" гӯён ба манзилҳои одамон медароянд
Одатан онҳо Иди нав муборак гӯён ба манзилҳои одамон медароянд - Sputnik Тоҷикистон
11/13
Одатан онҳо "Иди нав муборак" гӯён ба манзилҳои одамон медароянд
© © Sputnik / Амир ИсаевДар иди Қурбон либоси нав пӯшидан савоб гуфта мешавад
Дар иди Қурбон либоси нав пӯшидан савоб гуфта мешавад - Sputnik Тоҷикистон
12/13
Дар иди Қурбон либоси нав пӯшидан савоб гуфта мешавад
© © Sputnik / Амир ИсаевЗани тоҷик дар интизори меҳмонони хурдакак
Зани тоҷик дар интизори меҳмонони хурдакак - Sputnik Тоҷикистон
13/13
Зани тоҷик дар интизори меҳмонони хурдакак
Лентаи хабарҳо
0