ДУШАНБЕ, 30 мар - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҳангоми иффтитоҳи Маҷмаи хизматрасонии "Баҳор" ба 50 кӯдаки ятими кулл тӯҳфа дод.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, тӯҳфаҳо аз маблағҳои пулӣ, сару либос ва ширинӣ иборат буданд.
Ҳамчунин барои кӯдакон хони наврӯзӣ ороста шуд.
Корҳои сохтмонӣ дар маҷмаа моҳи сентябри соли 2017 оғоз гардида, иншоот аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ Мадина Самандарова ва Икром Содиқов сохта шудааст. Ошёнаи якуми маҷмааи хизматрасонӣ барои кошонаи ҳусн ва маркази савдо, ошёнаи дуюм барои тарабхона ва ошёнаи сеюм барои меҳмонхона пешбинӣ гардидааст.
Меҳмонхонаи маҷмааи хизматрасонӣ бо 18 ҳуҷра метавонад дар як вақт то 36 нафарро қабул намояд.
Баъди мавриди истифода қарор гирифтани Маҷмааи хизматрасонии “Баҳор” дар маркази шаҳри Бӯстон 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Иншоот аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 623,8 метри мурабаъро ташкил медиҳад. Маблағи умумии барои корҳои сохтмонӣ харҷшуда зиёда аз 4 миллион сомониро дар бар мегирад. Саҳни бино тибқи талаботи меъморию шаҳрсозӣ зебою назаррабо гардонида шудааст.