ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Ба иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 11-16 дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳаво 1-6 дараҷа гарм шуда, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд, ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар баландии беш аз 2 ҳазор метр боридани барф дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм шуда, рӯзона ҳарорат ба 8-13 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Шабона дар баъзе ноҳияҳо борон шиддат ёфта, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7-12 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Шабона дар баъзе ноҳияҳо борон шиддат гирифта, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рўзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 0-5 ва рўзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Шабона шиддатёбии он дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10-12 ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.