ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво шабона 10-12 ва рӯзона 19-21 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рўзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва рўзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4-9 ва дар мавзеи Булункӯл 14-16 дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳаво 2-7 дараҷа гарм шуда, дар мавзеи Булункӯл то 2-4 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.