Шаҳзода: як писарам мехоҳад рэппер шавад, дуюмаш-милиса

© SputnikУзбекская певица Шахзода
Узбекская певица Шахзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар қасри Кремл маросими ҷоизасупории озмуни байналмиллалии маъруфтарин мусиқӣ Bravo баргузор шуд.

Душанбе, 29 мар - Sputnik, Лев Рыжков. Дар ҳошияи ин маросим хабарнигори Sputnik бо Шаҳзода дар бораи мусиқӣ, нақшҳояш дар филмҳо, хусусиятҳои шоу-бизнеси Узбакистон ва орзуҳои писаронаш суҳбат кард.

Орзуи рэппер шудан ва милиса будан

-Чаро дар Узбакистон кам ҳунарнамоӣ мекунед. Аксари ҳаводоратон солҳо дар интизори консертатон мемонанд?

-Ман бисёр ҳунарнамоӣ мекунам. Ҳар сол дар қасри "Дӯстии халқҳо" (толори пешини "Истиқлол"-шарҳ аз идора) консерти ҳафтрӯза баргузор мекунам. Вале, соли гузашта дам гирифтам, аммо истироҳат на. Ба ҷои консерти ҳафтрӯза дар пойтахт ман дар вилоятҳо ҳунарнамоӣ кардам, ба дувоздаҳ вилояти кишварамон сафари ҳунарӣ доштам.

Давлат Худоназаров дар консерти Далер Назаров - Sputnik Тоҷикистон
Давлат Худоназаров дар бораи Далер Назаров: "Ӯ Далери пешин нест"

-Дар кадом шаҳр гармтар пешвоз гирифтанд?

-Албатта, дар Фарғона. Зодгоҳи ман. Ҳамватанонам маро хеле гарм истиқбол карданд. Дар Андиҷон ҳам хуб пешвоз гиифтанд. Хеле гуворо буд. Вале ман доим дӯст медорам ба Тошканд бозгардам.

-Шуморо барои ҳунарнамоӣ дар Humo Arena даъват кардаанд?

-Ҳа! Ман дар маросими ифтитоҳи Humo будам. Он бисёр сохтмони барҳавову зебо аст. 

-Шумо дар консертҳои расмӣ кам ҳунарнамоӣ мекунед. Чаро?

-Агар дар Тошканд бошам, албатта ҳунарнамоӣ мекунам, вале реҷаи кории ман бисёр сангин аст. Ман ҳамеша дар сафар ҳастам. Мисол айни замон дар Тошканд ҷашни Наврӯз таҷлил мешавад, вале ман нестам ман дар қасри Кремл дар маросими ҷоизасупории Bravo. Аксари вақт ҳамин тавр мешавад.

-То чӣ андоза талаботҳои сахти "Узбакконсерт" ба озодии эҷодӣ баробар аст?

-Бо "Узбакконсерт" муносибатамон бисёр гарм аст. Ман фикр мекунам, ки ҳунармандони мо чизе хоҳанд метавонанд, офаранд. Дар бораи маҳдудиятҳо...бале ҳастанд дар бархе аз шабакаҳои телевизионӣ. Вале нафаре агар хоҳад метавонад озодона эҷодиёташро дар шабакаи YouTube ҷой диҳад. Бояд дарк кард, ки кишвари мо шарқӣ-бо анъанаву хусусиятҳои худ аст. Мумкин солҳое пеш маро чунин маҳдудиятҳо хашмгин мекард. Вале чуноне фарзандони ман ҳам бузург мешаванд, фик мекунам, ки ин дуруст аст.

-Фарзандонатон хоҳиши ҳунарманд шудан доранд?

-Писари бузургам Солеҳ донишгоҳи иқтисодии ба номи Плехановро хатм мекунад. Вале намехоҳад аз рӯи ихтисосаш кор кунад, хоҳиши реп сароӣ дорад. Худаш матни суруд менависад. Вале ман омода нестам дар ин ҷода ӯро дастгирӣ кунам. Ба ман чунин менамояд, ки ҳунарнамоӣ касби мардона нест. Ман ҳамеша ба Солеҳ мегуфтам, ки "Бигзор ҳунарнмадӣ хоббӣ бошад".

Далер Назаров дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Маскав: Далер Назаров бо иҷрои суруде аз Лоиқ мухлисонро гирёнд

-Писари дуюматон Холид ҳам мехоҳад овозхон шавад?

-Ман бисёр мехоҳам, ки ӯ чунин хоҳиш надошта бошад. Ӯ дар мактаби бритонӣ таҳсил мекунад ва хеле хуб ба забони ангисӣ суҳбат мекунад. Барои он ки Холид забони модариашро фаромӯш накунад ман барояш момодоя гирифтам, ки забони русиро намедонаду фақат ба узбакӣ суҳбат мекунад. Ҳамин тавр дар панҷсолагӣ писарам се забон медонад.

Дирӯз мо аз ӯ пурсидем, кӣ шудан мехоҳад. Ӯ мегӯяд милиса мешавад. Ҳар рӯз ҳар фикр дорад.

Шоу-бизнес чун мактаби зиндамонӣ

-Шоу-бизнеси Узбакистон аз Русия чӣ фарқ дорад?

-Пештар ба матни суруд диққат зиёд дода мешуд. Ва ин сурудҳо солҳои зиёд мондагор буданд. Онҳо маъно доштанд. Сурудои нав ҳам ба ман писанданд. Вале ба фикри ман дар Узбакистон сурудро аз дилу ҷон месароянд.

-Маслиҳати шумо ба ҳунармандони ҷавон?

Аброр Назаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аброр Назаров: на ҳар касе метавонад роҳи Далер Назаровро биравад

-Ман мегӯям, ки ҳунарманд будан-меҳнати бузург аст. Вақте дар телевизион расми хушрӯйро мебинӣ намефаҳмӣ, ки он дар паи кори зиёде ба даст омадааст. Аз ҳама бештар меҳнат аз болои худ аст. Шоу-бизнес ин мактаби зиндамонӣ аст. Наздики бист сол мешавад, ки ман рӯи саҳнаам. Метавонам кӯмак кунам, маслиҳат диҳам, вале доим метарсам, ки касеро хафа кунам. Масалан ҷавоне суруд мехонад, агар гӯӣ ки ӯ ҳоло хом аст, бархе дар чунин ҳолат шикаста мешаванд, бархе таҷрибадор.

Дар ҳавопаймо-бо китоб, дар филм бо маъно

-Чӣ маслиҳат медодед, то ҷавонон бештар мутолиа кунанд?

-Тарбияро аз хонавода сар мекунанд. Падарам философ буд. Библиотекаи калон дошт. Ӯ маро маҷбур мекард, ки классикаро мутолиа кунам, вале ман ба равоншиносӣ завқ доштам.

-Шумо барои хондани китоб вақт доред?

-Бале! Ман агар каме вақт ёбам китоб мехонам. Масалан ҳангоми парвоз.

-Нақши ояндаатонро дар филм кай интизор шавем?

-Пештар ман дар филмҳои зеёде нақш меофаридам. Бисёр пазмони нақшофарӣ шудаам. Вале акнун агар сенарияи хуб бошад, вақт меёбам.

-Филми дӯстдоштаатон кӣ дар он нақш офаридаед?

-Ба фикрам Фотима ва Зуҳро, ки маро на танҳо дар Узбакистон балки бештар дар Қафқоз машҳур кард. Ҳатто тамошобинон на ба консертам чун ба назди овозхон, балки ба назди қаҳрамон-Зуҳро меомаданд.

Лентаи хабарҳо
0