Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Берлин

© Фото : Sputnik"Атри Наврӯз" дар Маскав
Атри Наврӯз дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол дар пойтахти Олмон шаҳри Берлин ҷашни Наврӯзро бо иштироки намояндагон Тоҷикистон таҷлил намуданд

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар шарҳи Берлини Олмон бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯз ҳамоиши муштарак баргузор гардид, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Празднование Навруза на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон
Аз се тон оши палав то куштӣ: таҷлили Наврӯз дар ВДНХ Маскав-Навор

Манбаъ афзудааст, ки ҳамоиш бо иштироки Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз зери сарпарастии Фиристодаи Ҳукумати федеролӣ оид ба масоили фарҳанг ва матбуот баргузор гардид.

Тавре Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо иброз дошт, Наврӯз 3000 сол инҷониб ҳамчун иди баҳор аз тарафи 300 миллион нафар аҳолии кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон таҷлил мегардад. Иди Наврӯз 30 сентябри соли 2009 ба Рӯйхати мероси ғайримоддии инсоният (ЮНЕСКО) ворид гардида, соли 2010 дар асоси  Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ ҳамчун рӯзи байналмилалӣ эътироф гардид.

Сафорати Тоҷикистон бо баргузории барномаи фарҳангӣ ва ташкили гӯшаи иттилоотӣ сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишварро дар самти беҳтар намудани некӯаҳволии мардум дар мисоли Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019-2021, инчунин роҷеъ ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон пешкаши иштирокдорон намуд.

Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Наврӯз омаду барқ не: гилаи сокинон аз ваъдахилофии “Барқи тоҷик”

Дар ин росто, таҳия ва пешниҳоди “Наврӯзнома” оид ба махсусиятҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоси иштирокдоронро ҷалб намуд.

Дар ҳамоиш тоҷикони муқими Олмон ва Аврупо, аз ҷумла аъзои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Германия, олимон, ҳунармандон, ҳамватаноне, ки дар ин кишвар зиндагӣ, фаъолият ва таҳсил мекунанд, бо аъзои оилаҳои худ ширкат варзиданд.

Директори Форуми Ҳумболдт ва осорхонаҳои давлатии Берлин  Ларс Кох зимни суханронии худ баргузории чунин чорабиниҳои муштаракро барои боз ҳам ҷаззобтар шудани шаҳри Берлин ва имконоти фарҳангии он муҳим хонда, чунин ҷашнҳоро пайвандгари миллатҳо номид.

Лентаи хабарҳо
0