Наврӯз омаду барқ не: гилаи сокинон аз ваъдахилофии “Барқи тоҷик”

CC BY-SA 3.0 / alzium / Здание энергохолдинга "Барки точик", архивное фото
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати “Барқи тоҷик” маҳдудияти интиқоли барқ ба навоҳии кишварро дар рӯзҳои таҷлил аз иди Наврӯз низ лағв накардааст

ДУШАНБЕ, 25 мар - Sputnik. Сокинони навоҳии Тоҷикистон мегӯянд, шабона ва баъзан рӯзона низ интиқоли барқ ба хонаҳояшон қатъ мегардад.

Здание Барки Точик. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Барқи тоҷик" пас аз хомӯшӣ эълом кард, ки чаро "лимит" дубора ҷорӣ шуд

Раҷаб, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд, шабона тақрибан аз 10-11 то 6-и субҳ барқрасонӣ қатъ мегардад. Ӯ илова намуд, ки баъзан рӯзона низ барқ хомӯш мешавад. Чунин ҳолат дар навоҳии дигари тобеи марказ ва вилоятҳои Хатлону Суғд низ ҷой дорад, гила кардаанд корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва зикр кардаанд, ки тибқи ваъдаи масъулин, маҳдудият бояд то Наврӯз бардошта мешуд.

Қаблан Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” тариқи хабаргузории “Ховар” иттилоъ дод, ки маҳдудияти интиқоли барқ ба навоҳии кишвар то Наврӯз бардошта мешавад.

Ёдгорӣ ин маҳдудиятро ба "корҳои таъмирию профилактикӣ" рабт дода буд.

"Маҳдудияти интиқоли неруи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти калони энергетикӣ, хатҳои калони интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо, инчунин омодагӣ ба ҷашнҳои дарпешистода мебошад", - изҳор дошта буд Ёдгорӣ қабл аз Наврӯз.

Лентаи хабарҳо
0