Генерал – полковник Манилов дар бораи таҷаммӯи ҷангҷӯён дар навоҳии ҳаммарз бо Тоҷикистон

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкПредседатель Координационной службы Совета командующих Пограничными войсками государств - участников СНГ Александр Манилов, архивное фото
Председатель Координационной службы Совета командующих Пограничными войсками государств - участников СНГ Александр Манилов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Александр Манилов, роҳбари хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии кишварҳои ИДМ гуфт, мақомоти марзбонӣ таҷаммӯи 10 ҳазор ҷангҷӯро дар марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба қайд гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 28 мар - Sputnik. Генерал–полковник Александр Манилов изҳор дошт, ки феълан вазъ дар марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мураккаб боқӣ мондааст.

Пограничная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз вазъ воқифем: посухи КДАМ Тоҷикистон ба ҳушдори ВУД Русия аз “ДОИШ” дар марз

“Вазъ дар қисмати марзии Тоҷикистону Афғонистон, дар бахши Узбакистон ва самти Туркманистон мураккаб буда, мояи нигаронии мо мебошад”, - изҳор дошт Манилов дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои фармондеҳони ИДМ дар Тошканд.

Ӯ зикр кард, ки охири моҳи феврал дар Душанбе машварати махсуси фармондеҳони мақомоти марзбонии Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар он чораҳои иловагӣ бо назардошти вазъ дар Афғонистон қабул шуданд.

Қаблан Сергей Лебедев, роҳбари Кумитаи иҷроияи ИДМ аз вазъ дар навоҳии наздимарзии Тоҷикистон ва Афғонистон изҳори нигаронӣ карда буд. Ӯ махсусан талоши ҷангҷӯёни “ДОИШ”-ро барои зери назорати худ гирифтани қисматҳои ҳаммарз бо Тоҷикистонро дар Афғонистон боиси ташвиш хонд.

Иддао дар бораи таҷаммӯи ҷангиёнро дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро қаблан низ мақомдорони Русия баён доштанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон дар посух изҳор доштанд, ки вазъ дар навоҳии ҳаммарзро пайгирӣ доранд ва марзи Тоҷикистон таҳти ҳимояти қавӣ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0