Русия барои сафару истироҳати пулисҳояш дар Тоҷикистон иҷозат дод

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкПередача новых автомобилей сотрудникам Росгвардии
Передача новых автомобилей сотрудникам Росгвардии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия феҳрасти 13 кишвареро, ки низомиёну ҳайати мулкии Вазорати мудофиа, кормандони пулис ва Росгвардия ҳаққи сафар ба онҳоро доранд, тасдиқ кардааст

ДУШАНБЕ, 27 мар - Sputnik. Бар асоси фармони вазири умури дохилии Русия ва мудири Росгвардия, вазъи сиёсӣ - ҳарбӣ, криминогенӣ, санитарӣ – эпидемиологӣ ва иқлиму табиати Тоҷикистон барои сафару истироҳати низомиён, кормандони пулис ва Росгвардияи Русия бехатар мебошад.

Вход на рынок Садовод, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Идомаи “рейд”-ҳо: санҷиши пулис дар “Фуд Ситӣ” баъди “Садовод” ва “Москва”

Тибқи иттилои РИА Новости, дар маҷмуъ ба ин феҳраст 13 кишвар – Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон, Абхазия, Осетияи ҷанубӣ ва аз кишварҳои хориҷи дур – Ветнам, Чин ва Куба шомил мебошанд.

Манбаъ афзуд, барои кормандони Росгвардия бар асоси фармони мудир, сафару истироҳат дар Ҷумҳурии Молдив низ иҷозат дода шудааст.

Феҳрасти ин кишварҳоро дар арафаи мавсими истироҳати соли 2019 Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Русия нашр карда, таъкид намудааст, ки ин рӯйхат бар асоси фармони вазири умури дохилии Русия ва мудири Росгвардия аз охири соли 2017 тасдиқ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0