Идомаи “рейд”-ҳо: санҷиши пулис дар “Фуд Ситӣ” баъди “Садовод” ва “Москва”

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкВход на рынок "Садовод", архивное фото
Вход на рынок Садовод, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмурини пулис ва “Росгвардия” дар бозори “Фуд Ситӣ” дар шоҳроҳи Калугаи шаҳри Маскав амалиёти густурдаи санҷишӣ гузаронда истодаанд

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Бозори “Фуд Ситӣ” феълан кор намекунад ва нафареро иҷозати вуруд надода истодаанд, хабар додааст РИА Новости. Далели гузарондани ин “рейд”-ҳо, ки бо боздошти даҳҳо муҳоҷир анҷомидаанд, расман эълон нашудаанд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

ТЦ Москва 🙄🙄🙄

Публикация от Марипов (@maripov0708)

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта дар ҳудуди маркази савдои “Москва” ва бозори “Садовод” "рейд" гузаронида шуда, даҳҳо муҳоҷир боздошт гардиданд. Расонаҳои Русия ин санҷишҳоро “профилактикӣ” унвон карда буданд.

Сабабҳои асосии ин “рейд” то ҳол расман шарҳ дода нашудаанд. Дар мавриди афроди боздоштшуда дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳор доштаанд, ки асноди онҳо ва даст доштанашон дар як қатор ҷиноёт санҷида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0