Куштори ваҳшиёнаи ҳамсари ҳомила ва пинҳонкунии ҷасад: милитсия қотилро дастгир кард

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкРуки задержаного в наручниках, архивное фото
Руки задержаного в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милитсияи Тоҷикистон марди 24-солаеро дастгир намуданд, ки дар куштор ва пинҳон намудани ҷасади ҳамсараш айбдор мешавад

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik.  Кормандони милитсияи кишвар марди 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахшро бо гумони куштор дастгир намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, номбурда, рӯзи 24-уми марти соли равон, тахминан соати 12:30-дақиқа, бо ҳамсари 23-солааш ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб карда, бо чойники (термоси) 2 литра, 2 маротиба ба сараш мезанад. 

Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВУД Тоҷикистон: дар ноҳияи Носири Хусрав қотил дастгир шуд

“Баъдан, номбурда ҳамсарашро бо рӯймоли дар сараш буда буғӣ карда, бо корд 3-маротиба ба қисмати тарафи чашми рост ва 1-маротиба ба қисмати тарафи миёнаш зада ба ҳалокат мерасонад”, - таъкид намудааст манбаъ. 

Вазорати умумри дохила зикр намудааст, ки сипас, номбурда бо мақсади пинҳон кардани ҷиноят дар дохили ҳуҷраи хонаи истиқоматиашон чоҳ канда, ҷасади ҳамсарашро дар он ҷо гурондааст.

“Ҳангоми гузаронидани ташхис маълум гардид, ки зани ҷабрдида дар батнаш тифли тахминан 3-4 моҳа доштааст”, - қайд намудааст манбаъ.

Кормандони милитсия аз рӯи ҳодиса мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд ва тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0