ВУД Тоҷикистон: дар ноҳияи Носири Хусрав қотил дастгир шуд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкЗадержание, архивное фото
Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милитсия ноҳияи Носири Хусрав марди 25-соларо ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карданд

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik.  Кормандони милитсияи Тоҷикистон сокини ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳияи Н.Хусравро, ки дар одамкушӣ айбдор мешавад, дастгир намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ҷаласаи додгоҳӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Қотил”-и ду донишҷӯ дар Кӯлоб ба ҳабси абад маҳкум шуд

“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳияи Н.Хусрав ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд”, - афзудааст манбаъ. 

Манбаъ таъкид намудааст, ки номбурда, санаи 29-уми декабри соли равон, тахминан соати 20:00-дақиқа, дар ҳудуди деҳаи Сангобаи ҳамин ноҳия бо ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Наврӯз вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо рӯймоли занонаи дар дасташ буда ӯро буғӣ карда, куштааст. Сипас ҷасади ӯро ба ҷӯйбори обгузари назди деҳаашон партофтааст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия тафтишотро аз рӯи ин ҳодиса мазкур идома доранд.

 

Лентаи хабарҳо
0