ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Варзишгари тоҷик Шоира Зулқайнарова дар Ҷоми ҷаҳонии бокс байни кишварҳои тавлиди нафт, ки дар Ханти-Мансийски Русия баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ.
Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 75 намояндаи Украина Мария Борутсаро шикаст дода, дар даври ниманиҳоӣ аз Любов Пашина (Русия) мағлуб шуд.
Бино ба гуфти сармураббии дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон Мирзо Шамсиев, дар ин мусобиқа, ки барои бори 13-ум ба хотираи аввалин истихроҷгари нафти Югорск Фармон Салмонов байни мардону занон сурат гирифт, 145 муштзан аз 20 кишвар (Олмон, Финляндия, Сербия, Булғористон, Полша, Украина, Молдова, Литва, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Чин, Шветсия, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистан, Туркманистон ва Марокаш) ширкат доштанд.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистонр панҷ мард — Файзмамад Малахбеков (52 кг), Асрор Воҳидов (56 кг), Асомиддин Бурҳонов (69 кг), Наврӯз Ҷафоев (81 кг) ва Ҷаҳон Қурбонов (91кг) ва ду зан — Мавзуна Чориева (60 кг) ва Шоира Зулқайнарова (75 кг) дохил буданд.
Вале ба ҷуз Шоира Зулқайнарова, дигар муштзанҳои тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.