Муҳаммадиев, ки хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мебошад, изҳор дошт, ки муҳоҷирон дар як муҳити осебпазир аз бемории сил кору зиндагӣ мекунанд. Ӯ гуфт, муҳоҷирон пайваста дар як муҳити серодам қарор доранд, баъзан дар як ҳуҷра то 10 нафар, ё дар таҳхонаю вагончаҳо иқомат мекунанд, ки ин мутаассифона хатари мубталошавӣ ба бемории силро зиёд мекунад.
Доктори илмҳои тиб, бо таассуф мушкили аслиро - як навъи табъизи муҳоҷирон хонда, афзуд, ки бар асоси қонунгузории Русия муҳоҷирони мубталои сил ва СПИД бояд аз кишвар хориҷ карда шаванд. Ӯ афзуд, аксаран муҳоҷироне, ки нишонаҳои бемории сил доранд, барои ташхис ҳозир намешаванд, чун метарсанд, ки аз кишвар ихроҷ хоҳанд шуд.
Муҳаммадиев натиҷаҳои як пажуҳишашонро зикр кард, ки аз 100 дарсади муҳоҷироне, ки барои ташхиси иловагӣ барои муайян кардани бемории сил равон карда мешаванд, ҳамагӣ 30 дарсад ба нуқтаи ташхис ҳозир мегарданд. Ба гуфтаи Муҳаммадиев афроди боқимонда, ки аз тарси ихроҷ ба ташхис ҳозир намешаванд ва мавриди табобат қарор намегиранд, миёни ҷомеа мегарданд ва хатари мубталосозии дигарон дар ин ҳолат бештар мегардад.
Ӯ гуфт, бояд як муҳити хайрхоҳе фароҳам шавад, то муҳоҷирон бидуни тарси ихроҷ барои ташхис назди табиб раванд ва таъкид намуд, ки худи муассисаҳои тиббии Русия тавони табобати беморони сил ва ба ҳамин восита таҳти назорат қарор додани онҳоро доранд.