ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Варзишкори маъруфи Русия Ҳабиб Нурмуҳаммедов, гуфтааст бар ивази 15 миллион доллар низ, бо Конор Макгрегор варзишкори ирландӣ дигар муҳориба нахоҳад кард.
Дар ин бора хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад.
Тавре Алекс Нурмуҳаммедов, амаки варзишкор Ҳабиб ба хабаргузорӣ гуфтааст, Конор дигар барои ӯ аҳамияте надорад.
“Вай дигар барои Ҳабиб аҳамият надорад. Нурмуҳаммедов дигар бо Макгрегор бар ивази ягон маблағ рақобат намекунад. Ман медонам, ки онҳо ба Ҳабиб муҳорибаи такрорӣ пешниҳод намуданд. Онҳо барои муҳорибаи такрорӣ 15 миллион доллар ваъда карданд”, - афзудааст Алекс.
Ба гуфтаи амаки Ҳабиб, ки Конор барои бозии навбатӣ бо варзишкорӣ доғистонӣ бояд навбат истад.
Ёдовар мешавем, ки Нурмуҳаммедов қаблан, дар доираи мусобиқаи UFC, Конор Макгрегорро шикаст дода, унвони қаҳрамонияшро дар ин навъи варзиш ҳифз намуд.