ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар Дубай ба ғолиби ҷоизаи “Беҳтарин омӯзгори дунё” туҳфаи хотирмон супурданд. Соҳиби ин ҷоиза муаллими 36-солаи фаннҳои математика ва физика Питер Табичи аз Кения гаштааст, иттилоъ додааст РИА Новости.
Ҷоиза ва мукофотро бо миқдори 1 миллион доллари амрикоӣ ба ғолиби ин чорабинӣ ҳокими Дубай шайх Муҳаммад бин Рашид Ал-Мақтум туҳфа кардааст.
Бояд қайд кард, ки ташкилкунандаи ин мукофот тоҷир аз Ҳиндустон Санни Варкей будааст. Аз соли 2015 инҷониб ӯ ҳамасола беҳтарин омӯзгори солро бо мукофот қадрдонӣ мекунад.
Имсол барои ба даст овардани ин ҷоиза қариб 10 ҳазор нафар аз 179 кишвари дунё ҳуҷҷат пешниҳод карда будаанд.
Ғолиби ин маҳфили ҷаҳонӣ – омӯзгор ва руҳонӣ Питер Табичи ба мактаббачагон дар мактабҳои миёна дарс мегӯяд. Дар мактабе, ки ӯ дарс мегуяд ҳамагӣ як компютер барои ҳамаи хонандагон будааст.
Питер дар мактаби миёнаи як деҳаи дурдасте дар Кения дарс мегуфтааст. Қариб 95 фоизи талабагони ин деҳа камбағалон будаанд.
Ӯ дар ин мактаб маҳфили омӯзиш ва таҳқиқот ташкил кардааст. 60 дар сади шогирдони ӯ иштироккунандагони маҳфилҳои байналмилалӣ будаанд.