Шиносоии Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар назди Масҷиди марказӣ

© пресс-служба президента ТаджикистанаРахмон и Рустам Эмомали посетили Национальный парк Таджикистана
Рахмон и Рустам Эмомали посетили Национальный парк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба хотири истиқболи сазовори Наврӯзи байналмилалӣ ва вусъати корҳои ободонӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маъракаи ниҳолшинонии назди Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе иштирок карданд

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik.  Имрӯз, 5 март Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳрдор Рустами Эмомалӣ бо рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти таъиноти гуногуни пойтахт, тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, ҳифзи муҳити зист ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, шинос шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳур.

Ниҳолшинонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Данғара - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ниҳолҳои русиягӣ шинонд

Солҳои охир Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таҳияи нақшаву чорабиниҳо, масъалаи ободонӣ ва таъмини шароити созгори зиндагӣ барои сокинони пойтахт аҳамияти хоса медиҳанд.

Имрӯз дар рӯзҳои аввали фасли зебои баҳор ба хотири истиқболи сазовори Наврӯзи байналмилалӣ ва вусъати корҳои ободонӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маъракаи ниҳолшинонии назди Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе иштирок карданд.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам шинос шуда, дар ҳудуди масҷиди ҷомеъ якчанд дарахти “клён” шинониданд.

Бо супориши Президенти мамлакат дар асоси нақшаи сохтмони масҷиди ҷомеъ дар ин ҷо дарахтони “магнолия”, “магнолияи баргпарто”, “каталпа”, “клён”, “ел”, “сливаи ороишӣ” ва берёза шинонида шудааст.

Баъди шинонидани ниҳоли дарахтон Эмомалӣ Раҳмон барои вусъати бештари корҳои ободонии ҳудуди масҷиди ҷомеъ ва даромадгоҳҳои иншоот ба мутахассисон дастуру ҳидоятҳои мушаххас додааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шералӣ Хайруллоев, собиқ вазири мудофиаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон 3 узви собиқадори тимашро ба нафақа фиристод: ҷойи онҳоро кӣ гирифт?

Баъди шинонидани ниҳол дар саҳни ҳавлии Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон дар боғи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт бо нашъунамои дарахтон ва корҳои ободонии ин мавзеъ шинос шуданд.

Дар боғи “Наврӯзгоҳ” дарахтони сосна, калина, туя, сирена, кедр, пихта, каталпа, можевелник, татум, магнолияи ҳамешасабз, чинор, берёзаи маҳаллӣ, каштан, барбарис, клёни сурх, лигуструм, кипарис, маҷнунбед ва гули садбарг шинонида шудааст.

Боғи пур аз дарахтони зебо дар шафати “Наврӯзгоҳ”, ки макони асосии баргузори тантанаҳои идонаи “Наврӯз”, “Ваҳдат”, “Истиқлолият” ва дигар идҳои бузурги миллӣ аст, ҷойгир мебошад. Аз ин ру Сарвари давлат ба коргарони боғ супориш доданд, ки ба масъалаи тозагии атроф, нигоҳубини дарахтон ва корҳои ободонӣ диққати махсус диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24 феврал Сарвари давлат бо иштирок дар маъракаи бунёди боғи нави интенсивӣ ва ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба мавсими корҳои баҳорӣ оғоз бахшиданд. Акнун шаҳрвандони мамлакат бояд бо истифода аз ҳар рӯзи мусоид баҳри истиқболи Наврӯз корҳои ободонӣ, созандагӣ ва ниҳолшинониро вусъат бахшанд.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0