Садамаи маргбор дар Наврӯз: ҷавони 20-сола марди 54-соларо пахш кард

© SputnikРазбитое стекло автомобиля, архивное фото
Разбитое стекло автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавон аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, пиёдагарди 54-сола Эмомалӣ Назировро пахш кардааст

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Вазорати умури дохолаи Тоҷикистон аз садамаи маргбори рӯзи 22 март дар Бохтар гузориш додааст.

Гуфта мешавад, дар пай садама марди 54-сола ба ҳалокат расид.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мошин чаппа шуд ва ронанда ҳалок гашт: тафсилоти садама маргбор дар роҳи "Душанбе-Чаноқ"

"22.03.с.2019 тахминан соати 20:10-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Мирзоев Фирдавс Сафаралиевич соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Бохтар, кӯчаи Наврӯз, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти кӯчаи Айнӣ ба самти маркази шаҳр, дар назди беморхонаи ба номи “Давои”-и шаҳри Бохтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромад", - таъкд мекунад манбаъ.

Дар натиҷа Фирдавс Мирзоев пиёдагард, Назиров Эмомалӣ Кабирович соли таваллудаш 1965, сокини кӯчаи Айнӣ-ро пахш намудааст.

Ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ба номи “Б.Воҳидов” ба ҳалокат расидааст. 
Оид ба ҳодисаи рӯхдода тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0