Мошин чаппа шуд ва ронанда ҳалок гашт: тафсилоти садама маргбор дар роҳи "Душанбе-Чаноқ"

© PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ронандаи "Мерседес-Бенс" аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд. Дар натиҷа ба автомашинаи "Опел-Астра" бармехӯрад. "Опел-Астра" ба канори роҳ баромада, чаппа мешавад ва ронанда дар пайи ин ҳодиса ба ҳалокат мерасад

ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Дар пайи садамаи нохуш дар шоҳроҳи Душанеб-Хуҷанд-Чаноқ як ронанда ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 31 январ соати 21:15 дар ҳудуди деҳаи Ҷалолуддини Балхии шаҳри Исфара рух додааст.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс" Мирзоев Бег Давлатовичи 57-сола, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди "Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ", дар ҳудуди деҳаи Ҷ.Балхии шаҳри Исфара аз ӯҳдаи идораи автомашинаи набаромадааст.

Вай ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", таҳти идораи ронанда, Миров Шоҳҳусейн Самадович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст. 

"Дар натиҷа, автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" ба канори рости роҳ баромада чаппа шудааст ва ронандаи автомашинаи мазкур Миров Ш.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - афзудааст ВУД.

Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0