ДУШАНБЕ, 22 мар - Sputnik. Дар Маскав даври сеюми олимпиадаи мактабӣ барои атфоли муҳоҷирон баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Созмони ҷамъиятии "Нур.
Аз 25 март то 5 апрел Созмони ҷамъиятии "Нур" ҳамроҳ бо Маркази таҳсилоти Максави ба номи Ломоносов олимпиадаи мактабии давраи III-юмро баргузор мекунад", - хабар доданд намояндагони созмон.
Барои кӯдакони муҳоҷирони тоҷик дар Маскав олимпиадаи мактабӣ сар шуд
"Ҳадафи асосии мо — ошкор намудани талабагони лаёқатманд аст, ки баъдан бо онҳо омӯзгорони ботаҷриба алоҳида, кор мекунанд", — шарҳ доданд дар марказ.
Қайд мешавад, ки дарсҳо аз ҷониби муаллимони касбии маркази таҳсилоти Маскави ба номи Ломоносов гузаронида мешаванд.
Дар натиҷаи озмоиш аз рӯи тамоми фанҳо, дар таърихи 7 апрел маросими ҷоизасупорӣ баргузор мегардад.
"Ҳадяи муҳимтарин барои кӯдакони ғолиб ин аст, ки марказ ба наврасон ва волидонашон дар интихоби дурусти касби оянда кӯмак мекунад",-хулоса карданд намояндагони Созмони "Нур".
Боймамадов: яке аз ҳадафҳои “НУР” тарвиҷи варзиш дар миёни муҳоҷирон аст
Лоиҳаи олимпиадаи мактабии "Нур" яке аз самтҳои фаъолияти бахши таълимии созмон мебошад. Ин лоиҳа яке аз қисмҳои силсилаи фанноварӣ аст, ки барои беҳбуд гардонидани таҳсили кӯдакони зодаи Тоҷикистон, роҳандозӣ шудааст.