ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Михаил Коженев дар арафаи Наврӯз ба боздошгоҳи муваққатии муҳоҷирон дар Сахарово рафта, онҳоро бо ҷашни аҷдодиашон Наврӯз муборакбод гуфтааст ва барояшон ҳадяҳо бурдааст.
Афзун бар ин, Коженев ба як муҳоҷири узбакистонӣ, ки моҳҳо дар боздошгоҳ қарор доштааст, кӯмак намудааст, ки ба ватан баргардад.
Мушкилии ҷавон сари он будааст, ки ӯро ҷарима ва депорт кардаанд, аммо вай натавонистааст маблағи ҷаримаро пардохт кунад, барои ҳамин моҳҳо дар боздошгоҳ қарор доштааст.
"Додгоҳи Русия ин шаҳрванди Узбакистонро ҷарима ва депорт кардааст, аммо бо далели он, ки ҷавон пул надорад ва нафаре нест, ки ҷаримаи ӯро пардохт кунад, ӯ натавонистаст Русияро тарк кунад", - тавзеҳ медиҳад раиси федератсия.
Муҳоҷироне, ки дар боздошгоҳ қарор доштаанд, ба Коженов шикоят бураанд, ки онҳо низ ҷарима шудаанд ва пул ё шиносе надоранд, ки онро пардохт кунад.
Афзун бар ин, ба гуфтаи муҳоҷирони боздоштшуда, дар боздоштгоҳ шаҳрвандони Ӯзбакистон нисбат ба Тоҷикистон ва Қирғизистон бештаранд.
"Намояндагони кишварҳои Қирғизистону Тоҷикистон ба шаҳрвандонашон кӯмак мерасонанд ва онҳоро ба ватан гусел мекунанд, аммо узбакистониҳо моҳҳо дар боздошгоҳ мемонанд", - шикоят мекунад як зан.
Дар ҳамин ҳол, Коженов таъкид мекунад, ки далели моҳҳо дар боздошгоҳ мондани шаҳрвандони ин ё он кишвар, беаҳамиятии намояндагони консулгарии онҳо мебошанд. Зеро бархе аз шаҳрвандон ҳуҷҷате надоранд, ки ҳувияти онҳоро муайян кунад, барои онҳо шаҳодатномаи бозгашт лозим аст.
"Бархе аз консулгариҳо ин ҳуҷҷатро дар тӯли 2-3 моҳ омода мекунанд ва дар ин вақт муҳоҷир иҷборӣ дар боздошгоҳ мемонад", - мегӯяд вай.
Федератсияи муҳоҷирони Русия барои кӯмак ба муҳоҷирон фонди махсус ташкил кардааст, ки тариқи ирсоли паёмак метавон дар он саҳм гузошт.