ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Медников бо суруди “Photo of us”-аш ба марҳилаи дигари озмуни “Песни” роҳ ёфт. Ӯ мегӯяд, ба ҷавонҳое, ки монанди худаш одиянд, вале орзуҳои бузург доранд, бовар дорад.
Медников дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст ва аҷдодаш ҳанӯз солҳои 60-уми асри гузашта ба Тоҷикистон аз вилояти Пенза кӯчидаанд. Ӯ тавзеҳ дод, ки кӯч ба Тоҷикистон асосан тасмими бобояш будаст.
“Дар Тоҷикистон бародари бобоям зиндагӣ мекардаст ва баъди нақлҳои зиёд аз ҳавою табиат ва меваҳою ҳаёт дар Тоҷикистон ба бобоям писанд омадаст ва ӯ ҳам тасмими кӯч гирифтааст. Вай солҳои 60-уми асри гузашта бо зану ду фарзандаш ба Душанбе омад. Дар Душанбе модари ман таваллуд шуд ва хонаводаи мо дар ин шаҳр ҷой гирифт”, - изҳор дошт Медников.
Ӯ афзуд, ки дар синни 17-солагӣ, баъди хатми мактаби Вазорати дифои Русия тасмим гирифт, таҳсилашро дар Русия идома диҳад.
Ҳанӯз замони таҳсилаш дар Мактаб ба Маскав ва Санкт Петербург барои иштирок дар олимпиадаҳо аз забони русӣ меомадааст ва баъди хатми мактаб ба бахши буҷавии Донишкадаи металҳои Маскав дохил шудааст.
“Феълан дар магистратура таҳсил мекунам ва барои ҳимояи диплом омодагӣ дорам”, - изҳор дошт Кирил.
Ӯ гуфт, маълумоти касбии мусиқӣ надорад ва гарчанде майл ба санъат ҳанӯз дар солҳои мактабхонӣ дошт, ҷиддӣ ба мусиқӣ ҳеч гоҳ машғул набудааст. Танҳо замоне, ки 10-11 сол доштааст, дар як хор ҳунарнамоӣ мекардааст ва дар чорабиниҳои гуногун дар сафоратҳои Ҳинд, Олмон Русия ва Театри опера ва балет иштирок мекардааст. Аммо 2-3 сол пас, баъди азҳампошии хор, Медников танҳо дар доираи мактабу хонааш сурудхонӣ мекардааст.
Овозхони ҷавони тоҷикистонӣ нақл кард, ки бори нахуст гитараро соли 2010 ба даст гирифт ва нахустин оҳангҳоро тариқи YouTube аз худ кард.
Ӯ дар аввал танҳо бо забони русӣ суруд мехондааст, аммо ҳангоми ҳунарнамоиҳои хор дар намояндагиҳои кишварҳои гуногун сурудхониро ба забонҳои мухталиф оғоз кардааст.
“Вақте калонтар шудам, танҳо бо забони англисӣ суруд мехондам, ин бароям наздиктар аст. Дар кӯдакӣ ҳам асосан мусиқии попи ғарбиро гӯш карда, забонро аз худ кардам. Забони англисӣ байналмилалӣ аст ва ба ҳамин восита мехоҳам маро одамони бештар бифаҳманд”, - тавзеҳ дод Кирил.
Медников дар бораи ҳунарнамоии қаблияш дар озмуни “The Voice of Poland 9”-и телевизиони Полша низ нақл кард, ки бо суруди “Hold Back the River”-и Ҷеймс Бей баҳои хуби доваронро сазовор гашта буд.
“Барои таҳсил тайи 6 моҳ дар Полша қарор доштам ва тасмим гирифтам, ки дар барномаи “The Voice” иштирок кунам. Дар бахше, ки доварон овозхонро надида баҳогузорӣ мекунанд, гузаштам, аммо дар бахши сабқатҳо аз озмун ғалтидам”, - изҳор дошт Кирил.
Феълан Медников дар барномаи “Песни” дар шабакаи телевизиони “ТНТ” қувваозмоӣ мекунад.
“Иштирок дар барномаи “Песни”-ро наметавонам бузургтарин дастоварди зиндагиям гӯям, аммо ба ҳар сурат ин як пирӯзӣ аст. Аслан, ҳеч гоҳ ман дар чунин саҳнаҳои бузург ҳунарнамоӣ накардаам. “Песни” бароям аҳамияти бузург дорад. Вақте суруди муаллифиро иҷро мекунӣ, онро тавре анҷом медиҳӣ, ки дилат мехоҳад, ин эҳсоси тамоман дигар, имкони нишон додани худ мебошад”, - гуфт овозхони ҷавони тоҷикистонӣ.
Ӯ мегӯяд, муҳимтарин ва мушкилтарин бахш дар чунин сабқатҳои овозхонӣ интихоби дурусти суруд мебошад, то таассуроти зарурӣ дар доварон ҳосил шавад. Мушкилии дигарро мубориза бо худ гуфт.
“Вақте ба саҳна мебароӣ, на танҳо ҳамчун санъаткор бояд омодагӣ бинӣ, балки аз нигоҳи равонӣ низ бояд худро омода кунӣ”, - изҳор дошт Кирил.
Дар мавриди овозхонҳое, ки Медников ҳаводорашон ҳасту мехоҳад ба онҳо баробар шавад, ин сарояндаи ҷавони тоҷикистонӣ Эд Ширан, Ҷеймс Бэй, Ҷастина Тимберлейк ва гуруҳи One Republic-ро ном бурд.
Зимни суҳбат дар бораи нақшаҳо Медников гуфт, мехоҳад оилаи мустаҳкам бунёд кунаду оромона ҳаёти арзандаро пеш барад.
“Агар дар бораи мусиқӣ гӯем, соле пеш ман бо тамоми қалб ба умқи он ворид шудам, феълан мехоҳам аз маҳдудаи чор девор барояму худро дар сатҳи нав бисанҷам. Мехоҳам, ки мардуми бештаре маънии сурудҳои маро дарк кунад”, - хулоса кард Кирил Медников.