Раисҷумҳур беш аз 2 ҳазор зиндониро авф кард: ба муносибати Наврӯз

© SputnikАмнистированные заключенные Вахдатской колонии
Амнистированные заключенные Вахдатской колонии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур ба раҳбарияти мақомоти қудратӣ фармуда, ки зиндониҳои авфшударо ҳарчӣ тезтар аз маҳкама озод кунанд, то зудтар назди хонаводаҳояшон бирасанд.

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба муносибати ҷашни Наврӯз 2028 зиндониро авф кард. Дар ин бора телевизиони Туркманистон хабар медиҳад.

Қарор дар бораи авфро раисҷумҳур дар шӯрои ҳукуматӣ имзо кардааст. Мувофиқи ин қарор зиндониҳое, ки авф шудаанд аз бурдани ҷазо озод мешаванд.

Дар баробари ин раисҷумҳур ба раҳбарияти мақомоти қудратӣ фармуда, ки зиндониҳои авфшударо ҳарчӣ тезтар аз маҳкама озод кунанд, то зудтар назди хонаводаҳояшон бирасанд.

Амнистированные заключенные Вахдатской колонии - Sputnik Тоҷикистон
Президент бори аввал дар арафаи Истиқлолият 250 зиндониро авф кард

Раисҷумҳур шаҳрванди Узбакистонро авф кард

"Зиндониҳоро бахшида мо шароит фароҳам меорем, то ашхосе, ки аз кардаи худ пушаймон шудаанд бо меҳнати ҳалоли худ дар пешрафти кишвар саҳм гузоранд",-гуфтааст кишвардор.

Раисҷумҳур ҳамчунин ба раҳбарони мақомоти маҳаллӣ дастур дода, ки ба зиндониҳои авфшуда барои дарёфти ҷои кор кумак кунанд.

Президент бахшида ба Рӯзи бетарафӣ наздики 800 нафарро авф кард

Одатан дар Туркманистон аксияи бахшиши зиндониҳо якчанд маротиба ба муносибтаи ҷашнҳои бузург баргузор мешавад.

Бори охир раисҷумҳури ин кишвар моҳи декабри соли гузашта ба муносибати Рӯзи бетарафӣ зиндониҳоро бахшида буд.

Он замон 796 зиндонӣ ба озодӣ баромаданд.

Лентаи хабарҳо
0