ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев бори аввал бахшида ба ҷашни Истиқлолияти Узбакистон бештар аз 250 зиндониро авф кард, хабар медиҳад хабаргузории миллии УзА.
Фармони раисҷумҳур дар бораи авфи зиндониён рӯзи 30 август ба имзо расидааст. Узбакистон ҷашни Истиқлолиятро 1 сентябр пешвоз мегирад.
"Бо фармони раисҷумҳур дар арафаи таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Узбакистон 261 зиндонӣ, ки дар ҳоли гузаронидани маҳкумияти ҳабс содиқона аз кардаи худ пушаймон шуда, ислоҳ шудаанд, авф мешаванд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Бино бар фармони раисҷумҳур, 215 нафар аз зиндонҳо озод шуда, мӯҳлати адои ҷазои 46 нафар коҳиш дода мешавад.
Бино бар иттилои УзА, аз шумораи авфшудагон 5 нафарашон аз 60-сола боло, 135 нафарашон зиндониёне мебошанд, ки барои фаъолият дар ташкилотҳои мамнӯъ маҳкум шуда буданд.
"Бо ин фармон вазоратҳои дахлдор ӯҳдадор шудаанд, ки ба авфшудагон дар роҳи созгории иҷтимоӣ, пайдо кардани ҷойи кор, интихоби шеваи солими зиндагӣ ва дар ҷомеа мавқеи худро пайдо кардан, кӯмак кунанд", — афзудааст манбаъ.
Моҳи декабри соли 2017 Мирзиёев бори аввал фармони авфи зиндониёнро ба имзо расонида буд. Дар моҳи шарифи Рамазон низ раисҷумҳр 226 маҳкумшударо авф кард.