Фоҷиа: кӯдак тасодуфан бародарашро парронд

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкПистолет, архивное фото
Пистолет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Писари 14-сола аз дасти додараш тасодуфан кушта шуд

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Дар ноҳияи Узгени шаҳри Ош писари 12-сола тасодуфан ба сари бародари 14-солааш тир холӣ кардааст.

Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии вилояти Ош хабар медиҳад.

Писар модари ҳомиладорашро паронд

Ба гуфти сухангӯи хадамоти ВКД, Жениш Ошурбоева, фоҷиа шоми 20 март ба вуқӯъ пайвастааст. Тир ба сари писар задаасту ӯ дар ҷои ҳодиса кушта шудааст.

Молоток судьи - Sputnik Тоҷикистон
Тир ба сари муҳоҷири тоҷик барои талаби маош: эълони ҳукми корфармо барои қатли коргараш

Милиса аз дасти писар силоҳи 16-калибриро гирифтааст. 

Бино ба иттилои мақомоти дохилӣ, ин силоҳ ба номи писари 21-сола, мизбони хона сабт шудааст.

Қайд мешавад, ки қоидаи нигоҳдории силоҳ риоя нашудааст. Аз рӯи ин қазия тафтишот идома дорад.

Истифодаи силоҳ ба марзбонон мамнӯъ шуд: дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Мақомоти корҳои дохилӣ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки қоидаи нигоҳдории силоҳро риоя кунанд.

Лентаи хабарҳо
0