Тир ба сари муҳоҷири тоҷик барои талаби маош: эълони ҳукми корфармо барои қатли коргараш

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМолоток судьи
Молоток судьи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Невски шаҳри Санкт Петербург, Александр Бурмистров, сармуҳандиси ширкати "Квантек сетевые технологии"-ро ба 7 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Расонаҳои маҳаллии Санкт Петербург иттилоъ додаанд, ки муҳоҷири марҳуми тоҷик бо корфармояш тайи ду сол барои пардохт нагардидани маош баҳс доштааст.

Тибқи иттилоияи додгоҳ, охири марти соли 2017 Бурмистров дар мошини "Мерседес"-аш дар пайи он, ки муҳоҷир маошашро талаб кардааст, бо таппонча ба сари ӯ тир холӣ карда, дар ҷангал ҷасадро пинҳон намудааст.

Манбаъ мегӯяд, Бурмистров дар мурофиа гуноҳашро иқрор карда, аз наздикони марҳум узр хостааст ва ҷуброни зарари маънавиро пардохт кардааст.

Маҳкумшуда таъхир дар пардохти маошро ба он рабт додааст, ки яке аз фармоишгарон саривақт маблағро пардохт накардааст ва ӯ натавонистааст музди коргаронашро пардохт намояд.

Лентаи хабарҳо
0