Антон Силуанов, муовини аввали сарвазири Русия барои музокирот ба Душанбе меояд

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкМинистр финансов Антон Силуанов. Архивное фото
Министр финансов Антон Силуанов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини аввали сарвазири Русия Антон Силуанов барои музокирот ба Душанбе меояд

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik.  Антон Силуанов, муовини аввали сарвазири Русия, дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Русия иштирок хоҳад кард, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

Бино бар иттилои манбаъ, ҷаласаи мазкур 20 марти соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад. Вале Антон Силуанов ба Душанбе пешакӣ хоҳад рафту, шаби имрӯз ба сӯи пойтахти Тоҷикистон парвоз хоҳад кард.

Натиҷаҳои сафари роҳбари ВКХ Русия Сергей Лавров ба Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Натиҷаҳои сафари роҳбари ВКХ Русия Сергей Лавров ба Тоҷикистон

Таъкид шудааст, ки дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои энерегетика, тандурустӣ, муҳоҷират ва бонкиву молиявӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки дар ҷаласаи мазкур ба масъалаи содироти маҳсулоти кишварзии Тоҷикистон ба Русия ва иштироки минтақаҳои ин кишвар дар бозсозии корхонаҳои саноатии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос дода мешавад.  

Ёдрас мешавем, ки пештар Вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дода буд. Зимни сафараш Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот тарафҳо ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба, шарикӣ ва стратегиро баррасӣ намуданд.        

Лентаи хабарҳо
0