Соҳибкори шаҳри Бохтар ба 125 оилаҳои эҳтиёҷманд кумаки моддӣ расонд

© Sputnik / Андрей СтенинМешок муки, архивное фото
Мешок муки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдуҷаббор Хоҷаев, соҳибкор аз шаҳри Бохтар, бахшида ба фарорасии ҷашни Наврӯз ба 125 оилаи камбизоат кумак расондааст

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Аз тарафи соҳибкори шаҳри Бохтар Абдуҷаббор Хоҷаев ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз бо харҷи 10 ҳазор сомонӣ барои 125 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд кумаки моддӣ расонида аст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон.

Бино бар иттилои манбаъ, Абдуҷабор Хоҷаев ҳар сол ба чунин табақаи ниёзманди ҷомеа то ҳадди имконият кумак мекардааст.

Завод по производству чипсов - Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкори тоҷик дар Узбакистон корхона ифтитоҳ кард

“Имрӯз низ мо иқдом гирифтем, ки дар арафаи иди наврӯз дилҳои ин гуна табақаи ниёзманди ҷомеаро шод намоем. Барои хурсанд намудани эҳтиёҷмандон, ба 125 оилаҳо ба маблағи зиёда 10 ҳазор сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили равған, орд, макарон, чой, қанд ва намак кумак расонидем”, - гуфт соҳибкор.

Инчунин, соҳибкори мазкур ба Умарова Ҳалима маъюби гурӯҳи дуюм, ки шароити зиндагиаш хеле вазнин доштааст кумаку дастгирӣ намудааст.

Соҳибкор Абдуҷабор Хоҷаев ба Умарова Ҳалима дар бемориаш барои пурра шифо ёфтанаш кумак намуда, дар як сол 5 маротиба ба вай кӯмаки моддӣ мерасонад.  

Дар ҳамин ҳол, Умарова Ҳалими таъкид намудааст, ки аз тарафи давлату ҳукумати кишвар кумакҳо мегирад. Барои мисол соли гузашта аз тарафи ҳукумат ба вай аробачаи маъюбӣ тақдим карда шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0