Соҳибкори тоҷик дар Узбакистон корхона ифтитоҳ кард

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗавод по производству чипсов
Завод по производству чипсов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соҳибкоре аз Тоҷикистон дар Узбакистон коргоҳи истеҳсоли картошкабирён ё ба истилоҳ "чипс" ифтитоҳ кард. Дар коргоҳ 20 нафар бо кор таъмин шуданд

ДУШАНБЕ, 18 янв – Sputnik. Соҳибкори тоҷик Сӯҳроб Ризоев дар шаҳри Денави вилояти Сурхандарё коргоҳи "Сомон Тӯрон" ифтитоҳ кард, ки ба истеҳсоли чипси картошка ва патароқи ҷуворимакка машғул аст. Дар ин бора хабаргузории Uza.uz хабар додааст.

Ризоев бо ин иқдомаш 20 ҷавонро бо кор таъмин карда, нақша доштааст, ки ояндаи наздик сафи коргаронашро дучанд гардонад.

Расона тавзеҳ намедиҳад, ки барои чӣ шаҳрванди Тоҷикистон коргоҳашро  дар Узбакистон ташкил кардааст.

Ёдрас мешавем, пештар таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ дар ҳисоботашон қайд карда буданд, ки ихроҷи сармоя аз Тоҷикистон меафзояд.

Ба гуфтаи онҳо, ин бо раванди сусти ислоҳотҳо дар кишвар, ки ба беҳбудии шароити соҳибкорон равона карда шудаанд, нисбат ба иқтисодҳои минтақавӣ, аз ҷумла Узбакистон, иртибот дорад.

Дар ҳамин ҳол, муаллифони ҳисобот қайд карданд, ки новобаста аз тағйиротҳои воридгардида ба қонунгузории Тоҷикистон, фазои соҳибкорӣ дар кишвар то ҳол беҳтар нагаштааст.

Лентаи хабарҳо
0