Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар Душанбе мактаби навро ифтитоҳ карданд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон с Рустамом Эмомали открыли школу №99 в Душанбе
Эмомали Рахмон с Рустамом Эмомали открыли школу №99 в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ва Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе субҳи имрӯз дар пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99-ро мавриди истифод қарор доданд

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Имрӯз бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Борбади ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 мавриди истифода қарор дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Эмомали Рахмон открыл школу - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: "норасоии ҷойҳои нишастро дар мактабҳои Душанбе аз байн мебарем"

Бино бар иттилои манбаъ, иншооти таълимӣ барои 1260 нафар дар ду баст пешбинӣ шудааст. Арзиши умумии харҷномавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 дар маҷмӯъ зиёда аз 14 миллион сомониро ташкил додааст.

Шароити таълим дар Муассиса бо назардошти талаботи замон фароҳам оварда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълим таваҷҷуҳи насли наврасро ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ ҷалб намуд.

“Истифодаи самараноки шароити мавҷуда метавонад ояндаи дурахшони насли наврасро таъмин намояд. Дар баробари ғамхориву фароҳам овардани шароит аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бояд волидайн низ барои саводнок шудани фарзандони худ бетаваҷҷуҳ набошанд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 моҳи апрели соли 2018 оғоз гардида буд ва қабл аз муҳлат ба анҷом расонида шуд.

Дар гузашта ин муассисаи таълимӣ хонандагонро то синфи 4 ба таҳсил фаро мегирифт.

Манбаъ зикр намудааст, ки бо назардошти зарурат дар доираи иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави муассисаи таълимӣ бунёду ба истифода дода шуд.

Глава администрации президента Озода Рахмон, мэр Душанбе Рустам Эмомали и председатель района Исмоила Сомони Душанбе Сами Шариф - Sputnik Тоҷикистон
Қарори нави Рустам Эмомалӣ бо мақсади иҷрои дастури Озода Раҳмон

Бинои замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 аз 3 ошёна иборат буда, дар маҷмӯъ дорои 27 синфхонаи бо аёнияти хониш муҷаҳҳаз мебошад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ ҳозиринро ба муносибати ҷашни Наврӯзи Аҷам ва ифтитоҳи бинои нави муассисаи таълимӣ шодбош гуфта, омӯзгоронро бо истифода аз шароити мавҷуда барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим муваззаф намуданд.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат дар бораи фазилатҳои Наврӯз таваҷҷуҳи ҳамагонро ба анҷоми корҳои ободонӣ ва саҳмгузорӣ дар тозагии маҳалли зист ҷалб намуданд.

Лентаи хабарҳо
0