Қарори нави Рустам Эмомалӣ бо мақсади иҷрои дастури Озода Раҳмон

© Amir IsaevГлава администрации президента Озода Рахмон, мэр Душанбе Рустам Эмомали и председатель района Исмоила Сомони Душанбе Сами Шариф
Глава администрации президента Озода Рахмон, мэр Душанбе Рустам Эмомали и председатель района Исмоила Сомони Душанбе Сами Шариф - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси шаҳри Душанбе "бо мақсади иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2019" қарори нав имзо кардааст

ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Шаҳдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар бораи баргузории марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ қарори нав имзо кардааст.

Гуфта мешавад, санад бо мақсади иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2019, №25480 (26.7) таҷлили Иди байналмилалии "Наврӯз", таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим, дар сатҳи баланди касбиву ташкилӣ баргузор намудани марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ ба тасвиб мерасад.

Рустам Эмомали на заседании народных депутатов Маджлиса в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Бо тасмими Рустам Эмомалӣ дар Душанбе 4 рӯз намоишгоҳи маҳсулоти арзон баргузор мешавад

Мувофиқи ҳуҷҷат марафони велосипедронӣ 16 марти соли 2019, аз соати 8:00 то 9:00 ва дави наврӯзӣ аз соати 9:00 то 10:00 баргузор мешавад.

"Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузаронидани марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ дар шаҳри Душанбе чораҳои зарурӣ андешанд", - омадааст дар банди севуми қарор.

Аз роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт, муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе хоҳиш карда шудааст, ки ширкати фаъолонаи иштирокчиёнро дар чорабиниҳои варзишии зикргардида таъмин намоянд.

Ёдрас мешавем, имсол тоҷикистониён дар ҷашни Наврӯз 6 рӯз, аз 21-ум то 26-уми март истироҳат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0