Натиҷаҳои сафари роҳбари ВКХ Русия Сергей Лавров ба Тоҷикистон

Обуна шудан
Кумак бо техникаҳои ҳарбӣ, ҳимояи марзӣ, додани нафақа ба муҳоҷирони меҳнатӣ, бунёди лоиҳаи “роҳрави сабз” ва дигар масоил дар чаҳорчубаи сафари Сергей Лавров ба Тоҷикистон арзёбӣ шуданд

Сергей Лавров Вазири умури хориҷаи Русия аз 3 то 6-уми феврал аз 3 ҷумҳурии Осиёи Миёна – Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон боздид намуд

  Рӯзҳои 4-5-уми феврал дар Тоҷикистон қарор дошт.

Дар чаҳорчубаи сафар Лавров бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуда бо Вазири корҳои хориҷаи кишвар Сироҷиддин Муҳриддин гуфтушунид намуд. 

Тарафҳо рушди ҳамкориҳои ду ҷонибаро дар ҳама соҳаҳо шарҳ дода махсусан ба масъалаҳои амният дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва муҳоҷират диққати бештар доданд.

Ғайр аз ин сиёсатмадорон аз омодагии хеш барои амалинамоии сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ва сафари Владимир Путин ба Душанбе иброз доштанд.   

 

Лентаи хабарҳо
0