ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода дар Кохи “Ақорда” ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Эътимодномаи худро супорид, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин маросим, ки сафирони дигар кишварҳо низ иштирок доштанд, президенти Қазоқистон зимни муроҷиат ба онҳо, таҳким ва рушди муносибатҳои дустонаи байнидавлатиро муҳим арзёбӣ намуд.
"Аз ҷумла Сарвари Қазоқистон иброз дошт, ки Қазоқистон ба рушди муносибатҳои анъанавии мутақобилан судманд ва стратегӣ бо Тоҷикистон аҳамияти хосса дода, ба ҳамкориҳои Остона ва Душанбе дар дориаи чунин созмонҳо, аз қабили ИДМ, СААД, СҲШ фаъолона таҳким мебахшад. Ӯ ба Тоҷикистон дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ раёсати бомуваффақият таманно намуда, омодагии худро барои иқдомҳои муштарак дар ин самт изҳор дошт", - меафзояд манбаъ.
Дар фарҷом Назарбоев сафиронро бо оғози расмии фаъолияти дипломатиашон дар Қазоқистон табрик гуфта, ба онҳо дар кори рӯзмарраашон муваффақият орзу намуд.