Кӣ зудтар: дар Тоҷикистон Дави наврӯзӣ баргузор шуд

© Sputnik День национального бега в Душанбе
День национального бега в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Даҳҳо ҳазор нафар дар Дави миллӣ, ки рӯзи шанбе ба муносибати иди Наврӯз дар Тоҷикистон баргузор шуд, ширкат карданд

ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Имрӯз ба ифтихори иди Наврӯз дар шаҳри Душанбе Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ баргузор гардидааст.

Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедрониро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода ва муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ бахшиданд.

Празднование Навруза в Москве на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон
Ид дар Тути калон: дар Хуҷанд Наврӯз даҳ рӯз таҷлил мешавад

Дар Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ беш аз 25 ҳазор нафар ширкат кардааст.

Масири Марафони велосипедронӣ ва Дави наврӯзӣ аз маҳаллаи Чорбоғ оғоз ёфта, то Наврӯзгоҳ идома кардааст.

Ба ғолибон ва иштирокчиёни ин мусобиқаи варзишӣ диплому ифтихорномаҳои Кумитаи олимпӣ ва Кумитаи ҷавонон тақдим карда шудааст.

Тавре зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода изҳор намуд, «имрӯзҳо ин чорабиниҳои варзишӣ барои обу тоби бадан ва солимгардонии аҳолӣ дар сар то сари ҷумҳурӣ доир гашта истодааст, ки баргузории ингуна чорабиниҳо барои таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим равона гардидааст».

Бояд зикр намуд, ки мусобиқаи мазкур бори дуввум дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ аз  21 то 22 марти  соли равон дар шаҳри Душанбе ба ба муносибати Наврӯз Қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба куштии тарзи озод баргузор мегардад.

Лентаи хабарҳо
0