Ид дар Тути калон: дар Хуҷанд Наврӯз даҳ рӯз таҷлил мешавад

Обуна шудан
Сокинони 22 маҳаллаи шаҳри Хуҷанд ҷашни Наврӯзро дар чойхона, идораву назди сохтмонҳои баландошёна таҷлил мекунанд

Душанбе, 15 мар-Sputnik. Тантанаҳои наврӯзӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд аз 16 март оғоз ёфта, то 25 март идома меёбад.

Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки чорабиниҳои идона ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз рӯзи шанбеи 16 март дар маҳаллаи Тути калон оғоз меёбад.

Интизор меравад, ки дар рӯзҳои наврӯзӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва чорабиниҳои гуногуни идона ташкил карда шавад.

Президент Татарстана Рустам Минниханов - Sputnik Тоҷикистон
Сафари президенти Тотористон ба Тоҷикистон дар арафаи Наврӯз - 2019

Ба иттилои манбаъ, 22 маҳаллаи шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои наврӯзиро дар чойхона, идораю маҳалла, назди хонаҳои баландошёна ва кӯчаҳои ҳудуди маҳаллаҳояшон баргузор менамоянд.

Пештар хабар дода шуд, ки имсол ҷашни ботантанаи Наврўз дар вилояти Суғд, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҷлил карда мешавад.

Дар доираи таҷлили Иди Наврӯз гузаронидани озмуни “Дастархонороӣ”, ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, мусобиқаҳои варзишии суннатӣ, мусобиқаҳои “Пойга” ва “Бузкашӣ”, конфронсҳои илмӣ, озмуну фестивалҳо, маҳфилҳои адабӣ, барномаҳои рангини консертӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва дигар чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.

 

 

Лентаи хабарҳо
0