ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Боздиди раисиҷумҳури Тотористон аз Тоҷикистон 19 ва 20-уми март дар назар аст.
Тибқи иттилои Лилия Галимова, намояндаи расмии Кремли Қазон имрӯз Рустам Минниханов дар мулоқот бо Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия барномаи сафари ҳайати расмӣ ба Душанберо баррасӣ мекунад.
“Дар нақшаҳои раисиҷумҳури Тотористон сафар ба Тоҷикистон рӯзҳои 19-20 март ба қайд гирифта шудааст. Дар ин сафар мулоқотҳои зиёди корӣ дар назар аст. Имрӯз дар мулоқот бо сафири Тоҷикистон дар Русия масоили марбут ба ин сафар баррасӣ мешаванд”, - иттилоъ додаанд расонаҳои Тотористон аз қавли Лилия Галимова.
Ӯ таъкид кардааст, ки Тотористон дар густриши ҳамкорию тиҷорат бо Тоҷикистон, аз ҷумла дарёфти бозорҳои нав барои фурӯши маҳсулоти мошинсозӣ, нафту кимиёвӣ ҳавасманд мебошад.