ДУШАНБЕ, 14 мар - Sputnik. Дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон миёни сокинони деҳаҳои сарҳадӣ ҷанҷолу задухӯрди ҷиддии гуруҳӣ ба миён омадааст, ки дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расидааст, иттилоъ додааст маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ.
Манбаъ таъкид кардааст, ки 13-уми марти соли 2019 дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба сохтмони роҳи “Коктош-Оқсой-Тамдиқ”-ро оғоз намуд.
“Ба ин иқдоми ҷониби қирғиз сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара эътироз намуданд, ки дар навбати худ ҷониби қирғиз ба тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух бо истифода аз силоҳи оташфишон тир холӣ карданд. Дар баробари ин мақомоти қудратии Қирғизистон роҳи “Исфара-Ворух”-ро баста, ҳаракати воситаҳои нақлиёти шаҳрвандони Тоҷикистонро қатъ намуданд. Дар ин ҷо, сарҳадбонони қирғиз 2 автомашинаи тамғаи "Газел"-ро бо 30 нафар мусофирон, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон тааллуқ доранд, дар отряди сарҳадии “Оқсой” гаравгон гирифтанд”,- афзудааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол КДАМ Тоҷикистон қайд намудааст, ки дар ҷамоати деҳоти Ворух 50-60 нафар шаҳрвандони қирғиз бо роҳбарии муовини раиси ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Боткен Жалчиев Эркин омада, тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух сангпартоӣ карданд, ки дар натиҷа 11 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд.
Дар ҳудуди деҳаи Хоҷа Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз тарафи шаҳрвандони Қирғизистон силоҳи шикорӣ истифода гардид, ки дар натиҷа шаҳрванди Тоҷикистон Ҳакимов Ҳусейн, соли таваллудаш 1976, сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз қисмати дилаш захмӣ шуда, дар беморхона ба ҳалокат расид.
Инчунин, нозири калони минтақавӣ лейтенанти калони милитсия Авеззода Саидшариф аз қисми рони пой, шаҳрвандон Атамов Мақсадҷон, соли таваллудаш 1973, сокини маҳаллаи Тагисада аз қисмати сараш ва Аюбов Раҳим, соли таваллудаш 1973, сокини деҳаи Хоҷа Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз пояш захмӣ шуданд. Ҳамзамон дар натиҷаи сангпартоӣ сокини маҳаллаи Муъминободи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Соҳибов Раҳмониддин, соли таваллудаш 1984 ҷароҳат бардошт. Инчунин, аз тарафи шаҳрвандони Қирғизистон анбори шаҳрванд Муллоҷонов Абдумаҷид, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло ва осиёби маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ оташ зада шуд.
Манбаъ зикр кардааст, ки саркардаи моҷарои мазкур раиси деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканд, шаҳрванди Қирғизистон Роза Усарова мебошад, ки иқдоми худро бо мақсади ғасби минтақаи коркарди захираҳои сангу шағали мавзеи наздикии деҳаи Хоҷа Аъло ба роҳ мондааст.
КДАМ таъкид намудааст, ки вазъ дар марзи Воруху Оқсой айни ҳол ором буда, таҳти назорати марзбонҳои ду кишвар қарор дорад.
Барои ба эътидол овардани вазъият, миёни намояндагони Тоҷикистон бо роҳбарии муовини раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода ва намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди маҳаллаи Зарафшони шаҳри Исфара гуфтушунид баргузор гардида, баррасии масъалаҳои баҳсӣ идома дорад.