ДУШАНБЕ, 28 дек - Sputnik. Дар соли 2018 намояндагони марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон коҳиш ёфтани низоъҳои марзиро ба қайд гирифтанд, хабар додааст хабаргузории РИА Новости дар иқтибос ба Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон.
Ахиран намояндагони мақомоти марзбонони вилояти Баткени Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон мулоқот намуданд.
Манбаъ таъкид намудааст, ки дар соли равон дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон ҳамагӣ ҳафт воқеаи сарҳадӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин ҳол, соли гузашта даҳ воқеаи сарҳадӣ ба қайд гирифта шуда буд.
Зимни мулоқот тарафҳо дар бораи ҳамкорӣ миёни марзбонони ду кишвар таъкид намуда, зикр карданд, ки ҳоло ҳамкорӣ ба сатҳи нав расидааст.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд. Мушкили аслӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистон дар мушаххас кардани хати марз аст.
Ҷониби Тоҷикистон исрор мекунад, ки таъйини хати марз бо Қирғизистон бояд аз рӯи харитаи соли 1924 сурат гирад. Дар ҳоле, ки ҷониби Қирғизистон ба харитаи соли 1989 такия мекунад. Ин ихтилофи назарҳо боис гардид, ки ду кишвар аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди аломатгузории марз пешравӣ накарданд.
Мушаххас набудани хати марз ва аломатгузорӣ нашудани он боиси моҷароҳои сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон шуда ва мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳу замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд.
Дар минтақаҳои баҳсии ин марз, алалхусус дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, байни сокинон ва марзбонҳои ду тараф ҳар сари чанд вақт муноқишаҳои ҳатто мусаллаҳона рух медиҳанд.